JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Кишварҳое ҳастанд, ки мушкили ташнобро доранд. Чин низ бо мушкили ташноб рӯ ба рӯ буд, аммо ба шарофати саъйю кӯшишҳои ҳукумат миқдор, тозагӣ ва бароҳат будани ташнобҳои ҷамъиятӣ хеле беҳтар гардид. Дар Ҳиндустон ҳамчунин мушкили ташнобҳо вуҷуд дошт. Вале дар фарқият аз Чин мушкили Ҳиндустон сарфи назар аз тамоми кӯшишҳо идома дорад, чунки ба ақидаи баъзеҳо ин масъала метавонад бо фарҳанг вобастагӣ дошта бошад. Бо гузашти зиёда аз ним аср баъди ба даст овардани истиқлолият беш аз ними ҳиндуҳо ба ташноб дастрасӣ надоранд ва зери осмони кушод қазои ҳоҷат мекунанд.
Чоршанбе, 15 Майи 2019 12:39

Деҳае дар кунҷи кишвар

Муаллиф:
Яке аз деҳаҳои овозадори минтақаи Истаравшан, ки дар ҳудуди ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ва дар соҳили руди Басмандасой қарор дорад, деҳаи Басманда мебошад. Ин деҳа таърихи бостонии бемисли пайдоиш ва рушд дорад. Ҷиҳати хоси таърихии деҳа дар он аст, ки он сараввал чун амнгоҳ ва бошишгоҳи тобистонаи ҳокимони Истаравшани бостон арзи ҳастӣ намудааст. Боду ҳавои дилписанд ва амнияти устувори деҳа ба кисмате аз боломақомони Истаравшан писанд меояд ва онҳо ин мавзеъро барои зисти доимӣ макон қарор медиҳанд.
Баҳс сари ин хат зиёд аст, ки дар солҳои бистум яке аз истифодабарандагони бевоситаи он будем. Баъзе донишмандон сари ин масъала афкори гуногун доранд, ки он дабираи форсист ва ё хати арабӣ. Андешаҳо пиромуни ин масъала зиёданд, аммо мо пайгири он нашуда, мавриди хатҳои шашгона (хутути ситта) мегӯем. Ин хат яке аз машҳуртарин хатҳои ҷаҳон ҳисобида шуда, тақрибан 18-20 мамлакат аз он истифода мебаранд ва имрӯз бо номи хати арабӣ машҳур аст.
Шоҳмот яке аз бозиҳои фикрии инсоният буда, дар роҳи қавӣ гардонидани майнаи сар ва сайқал додани хотираи инсон ҳамтое надорад. Дар тӯли таърих номи ин бозӣ чанд дафъа тағйир ёфтааст, лекин ба бисёр забонҳо аз забони тоҷикӣ маҳз калимаи шоҳмот (шоҳ мурд) бо каме бадалшавии овозҳо интиқол ёфтааст.
Cайидо Насафӣ аз худ осори пурмазмун гузаштааст, ки онҳо дурдонаҳои таърихи адабиёту фарҳанги форсу тоҷик ҳисоб меёбанд. Мероси адабии Cайидои Насафӣ бою ғанӣ буда, аз девони ашъор, куллиёт, ғазалиёт, рубоиёт, қасидаву маснавиҳо, асари тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» иборат аст. Дар ашъори Сайидои Насафӣ норозигӣ аз сохти иҷтимоӣ ва ахлоқии замонаш бисёр вомехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ cурудааст. Cайидои Насафӣ яке аз бузургтарин мутафаккирони қарнҳои XVII-XVIII тоҷик буда, дар нимаи аввали қарни XVII дар Насаф (Қаршӣ) ба дунё омадааст. Cоли таваллуди Cайидои Насафӣ маълум нест. Cолҳои кӯдакии ӯ дар Насаф гузаштаанд. Баъд аз он Cайидо ба Бухоро омада, дар мадраса таҳсил…