JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Яке аз асолатҳои замони мо ва хусусан, проблемаи равоншиносии навтарин, аз муайян кардани ҳаёти инсон, ки оё маҳсули воқеият ва ё истеъдод аст, иборат мебошад. Равоншиносони муосир Роберт Киёсакӣ, Ҷон Шоул, Боддо Шеффер, Наполеон Хил ва олими тоҷик Саидмурод Давлатов ба хулосае омадаанд, ки ҳаёти одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Онҳо худи ҳамин идеяро сарчашмаи комёбӣ ва нокомӣ мебинанд. Лекин инсонро маҳсули қобилият ва тарзи афкор ҳисобида, муҳити иҷтимоиро батамом инкор намекунанд. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои олии тамоми илми муосир, аз ҷумла антропология ва психология, аз равшан сохтани муҳити иҷтимоӣ ва дар он муҳит чӣ гуна ташаккул ёфтани шахсият…
Халқи қазоқ таърихи қадима ва бой дорад. Дар давоми асрҳо хислатҳои хосе, ки танҳо ба ин мардум мансуб аст аз қабили мардонагӣ, шуҷоат ва озодихоҳӣ имконият дод, ки онҳо хусусиятҳои миллии хешро нигоҳ доранд. Илман собит шудааст, ки нишонаҳои мавҷудияти аввалин одамони ба мо монанд, дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Қазоқистон пайдо шудаанд, ки ба асрҳои VIII-VII то солшумории мелодӣ тааллуқ доранд. Он замон ҳудуди беканори Қазоқистони имрӯзаро қабилаҳои эронӣ ва туркие, ки дар таърихи қадим бо номҳои сакҳо, уйсунҳо, канлиамиҳо ва гуннҳо маъруфанд, макони зист интихоб намуда буданд.
Душанбе, 01 Апрели 2019 10:37

Робитаҳои Тоҷикистон бо Белорус

Муаллиф:
 Иқлими муътадил, ҳудуди беҳадду канор бо шароити хуби шикори ҳайвонот ва моҳӣ 100 ҳазор сол пеш аз мелод, боиси муқимӣ шудани аввалин насли одамизод, ки дар таърих бо номи неандерталҳо маъруфанд, дар минтақаи зисти аҷдодони Белорус ба қайд гирифта шудааст. Баъд аз гузашти асрҳо, нишонаҳои дар вилояти Гомелск 27–24 ҳазор сол пеш аз солшумории мо умр ба сар бурдани аҷдоди қадимаи инсоният (Homo sapiens) кашф карда шуд. Бо обшавии пиряхҳо (асри VIII пеш аз мелод) ва расидани мавсими муътадил, ҳудуди сарзамини имрӯзаи Белорусро ҷангал фаро гирифта, он бо мурури замон ба тағйирёбӣ ва ташаккули инсоният кӯмак расонидааст.
Дар мақола фаъолияти адабии яке аз пайравони С. Айнӣ Ҷалол Икромӣ баррасӣ шудааст. Нависанда дар давоми солҳои 30-40-уми қарни ХХ беш аз чаҳор повестро навишт, ки муаллифи мақола мазмун ва аҳамияти онҳоро ошкор месозад. Ин повестҳо ба ташаккулёбии жанри повести тоҷикӣ замина гузошта, ба раванди насри адабиёти шӯравӣ нақши муассире расондаанд. Албатта, саҳми устод С. Айнӣ дар роҳнамоии адабии нависанда Ҷалол Икромӣ ниҳоят бузург мебошад, ки ба ин масъала дар мақола таваҷҷуҳи бештаре дода шудааст. Ва инчунин муаллиф ба натиҷае мерасад, ки ҳаёти адабии нависандагони тоҷик дар тӯли солҳои 30-40-уми қарни ХХ мураккаб буд, зеро дигаргуниҳои таърихию сиёсӣ, оғози фарматсияи…
Панҷшанбе, 28 Марти 2019 05:29

Рӯзи наву базми куҳан

Муаллиф:
Бино ба расми дерин ва таманиёти ширин боз пешвоз мегирем ҷашни наврӯзро, ки оғозин рӯзи сол ва паёмовари зиндагии навин аст. Наврӯзро меситоем, ки бо нафаси сеҳрпардозу тарабангези худ табиати хуфта ва ҷаҳони афсурдаву пажмурдаро ҷони тоза мебахшад. Хуршед бо чеҳраи дилорои худ шодӣ ва хуррамӣ меофаринад. Навои ҷонбахш ва нафаси гарми зиндагӣ ва шодобиву тандурустӣ аз ҳар гӯшаву беша ба гӯш мерасад. Шохаҳои урёни дарахтони сармохӯрда кулоҳи шукуфа ба сар мениҳанд ва ба ҳарсӯ, ки бингарӣ бисоте аз шодиву сурур густурда меёбӣ.