JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Одамон барои ҳисоби фосилаҳои калони вақт аз замонҳои қадим инҷониб давомоти моҳ ё солро, яъне давомоти гардиши Офтобро аз рӯйи эклиптика истифода мебурданд. Дар давоми таърихи бисёрасраи инсоният системаҳои мухталифи тақвимҳо сохта ва ба истифода дода шудаанд. Вале ҳамаи ин тақвимҳоро ба се навъ ҷудо кардан мумкин аст: шамсӣ, қамарӣ ва шамсӣ-қамарӣ. Тақвими аз ҳама қулай ва сода солшумории шамсӣ мебошад, ки онро дар Мисри қадим истифода мебурданд.
Дар мақолаи мазкур ҷараёни табдили алифбои лотиниасос ба алифбои кириллӣ дар солҳои 30-40-уми асри XX инъикос ёфтааст. Муаллиф андешаҳои олимони тоҷикро оид ба сабабҳои гузариш ба алифбои нави русиасоси тоҷик мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ва ҷараёни гузариш ва татбиқи онро дар Тоҷикистон нишон додааст.
Пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар корхонаву идора ва муассисаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуд. Давра ба давра шеваи нигориши санадҳо тағйир ва такмил меёбад. Имрӯз олимону мутахассисон оид ба нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ ба забони тоҷикӣ дастурҳо иншо намуда, намунаи ҳуҷҷатҳо ва санадҳои коргузориро пешниҳод мекунанд, ки ин марҳилаи нав дар ҳуҷҷатнигории тоҷик мебошад.
Қирғизҳо аз давраҳои қадим бо тоҷикон ҳасоягии наздик доранд. Дар раванди таърих мардуми қирғиз дар баробари миллати тоҷик пасту баландиҳои зиёдро аз сар гузаронидааст. Ин ду мардуми ба ҳам наздик бидуни хат, таърихи асрҳо ташаккулёфтаи миллати хешро тавассути эпоси “Манас” ва “Гуруғлӣ” ба насли оянда мерасонанд. Аз рӯи ҳаҷм эпоси "Манас" - қомуси (энсиклопедияи) асили беназирест, ки дар худ воқеаҳои махсусан муҳими он давра, далелҳои алоҳидаи таърихӣ, қаҳрамониҳои шахсиятҳои ҷудогона, пешвоёни кишвар, маълумот оид ба он ҷамъият, урфу одат ва ҳаёти мардуми қирғизро дар худ таҷассум менамояд.
Дар ташаккул ва таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми форсу тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл ва тафаккури эҷодию воқеӣ-реалистии ақвоми иронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва тафаккури сиёсию дунявиро таҳкиму тақвият бахшидаанд. Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллиятҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми…