JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Инсоният дар замони муосир шояд як марҳилаи аз ҳама мураккабу мушаввашкунандаи таърихро бо мушкилиҳои зиёди ба мисли фарқияти калон байни сарватмандон ва камбағалон, муборизаҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, ҷанги термоядроӣ, ифлосшавии атмосфераи замин, тағйир ёфтани флора ва фауна, гармшавии иқлим, пайдо шудани сўрохиҳо дар пардаи озонӣ, зиёд гардидани баъзе бемориҳои сироятӣ (ВНМО(СПИД), саратон ва ғ.), буҳрони демографӣ (дар кишварҳои қашшоқ зиёдшавӣ ва дар давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта камшавии аҳолӣ), терроризм, ҳуҷуми астероидҳо, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайраҳоро пушти сар намуда истодааст. Бар акси он, илми муосир рўз то рўз кашфиёти нав ба нав рўйи кор оварда, инсониятро аз мушкилиҳои бисёр наҷот…
Анъанаи вусъатноки арастугароӣ ва арастушиносӣ барои фарҳангу тамаддуни тоҷик таърихӣ буда мақому мартабаи таълимот ва андешаи Арасту вижаву фарҳанг ва тамаддунсоз ба ҳисоб меравад. Арасту гузариши ақлонии инсонро аз асотир ба логос такомул ва қувват бахшида ҳаёти минбаъдаи фарҳангии инсонро ба тавре илмдӯстона ва мазмунан ҳакимона, ё ба истилоҳи худи юнониёни қадим «софиявӣ» намуда аст. Таълимоти Арасту мақому манзалати инсонро дар раванди маърифат қавӣ ва муқтадир менамояд, зеро ӯро на чун имконияти бешахсшудаи маърифат, балки муҷоҳиди омӯзишу пажӯҳиш, қаҳрамоне, ки ҳаёти худро ба донишандӯзӣ, мушоҳида, истифода аз ақли солим ва фаъолияти манфиатбахши он муаррифӣ менамояд. Ҳамин тавр минбаъд олиму ҳаким…
О национальном коде писали и десять, и сто лет назад. Это очень важный атрибут существования нации. У каждого народа, у каждой состоявшейся нации есть свой национальный код. Это национальная идентичность, особенность культуры и жизни той нации. Национальное единства, совместное мирное проживание, созидание и развитие – это является современным кодом населения Таджикистана, считает политолог, доктор философских наук Рустам ХАЙДАРОВ.
“Лайло ва ал-Маҷнун фӣ ал-адабайн ал-арабӣ ва ал-форисӣ” (Лайлӣ ва Маҷнун дар адабиёти арабӣ ва форсӣ) Аз даврони қадим миллатҳои форсу араб байни худ пайвандҳои фарҳангӣ доштаанд. Ин пайвандҳо баъд аз зуҳури дини ислом густариш ёфт. Ислом ки дар байни мусалмонҳо пайвандҳои бисёр амиқе эҷод карда буд, дар байни ду забони арабӣ ва форсӣ ва миёни ду миллати арабу форс равобити фарҳангӣ ва забонии амиқ ва густурдае падид овард, ки назири онро дар дигар забонҳо намеёбем. Дар асрҳои ахир, баррасии ин пайвандҳои адабӣ ва фарҳангӣ ба яке аз муҳимтарин меҳварҳои пажӯҳиш дар адабиёти муқоисавии арабӣ табдил шудааст.
Ахиран, пойгоҳи хабарию иттилоотии “Ахбор.ком” (https://akhbor.com/-p9452-168.htm?fbclid=IwAR2XuUfocdtXmPdh-G0PqY-Qqxgo_p2b9Q4ivIALyYfABYeww9PW3Il_Sb8) матлаби кӯтоҳеро бо пахши навор, ки дар он омӯзгор дар ҳолати ногувори равонӣ тарафи хонанда мешӯрад, мунташир кард. Наворе, ки шахсияти омӯзгорро ба масхара мекашад, махсусияти ҳангомабарангезӣ дорад ва, мутаассифона, имрӯз ағлаби пойгоҳҳои таҳлилию иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ, фазои маҷозӣ ба минбари таҳқиру тавҳини ашхос табдил ёфтаанд. Кор то ба ҷойе расидааст, ки дигар шахсияти омӯзгор, ки дар баъзе муҳитҳои иттилоотӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷикӣ ба мавзӯъ ё предмети тамасхур табдил ёфтааст, мадди назари гурӯҳҳои расонаӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Аҷабо, ба ном бузургони расонаҳои бонуфуз ва пурхонанда дар пайи шикастани рӯҳияи…