Дар бораи омилҳои пайдоиши коронавирус, ки имрӯз ба як маризии ҳамагири ҷаҳонӣ табдил гардидааст, феълан дар расонаҳои гурӯҳиву сиёсӣ ва байни донишмандону олимони соҳа андешаҳои мухталифе ироа шудаанд. Аз ин рӯ, мо намехоҳем дар атрофи фарзияҳои эҳтимолии пайдоиши ин вирус изҳори назар дошта бошем, вале дар ин як навиштаи кӯтоҳ мехоҳем доир ба паёмҳо ва ҳушдорҳое, ки дар заминаи интишори ин вирус ва паёмадҳои таассуфбори он дар ҷаҳон ба амал омадааст, андешаҳои худро баён намоем. Шояд он чи дар ин навишта баён месозем, танҳо маҳсули бардошти субъективии мо бошад, аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ даъво надорем, ки афкори мо…