JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ) Аз фурсати мусоиди соҳибистиқлолӣ ва фазои бози ватанӣ истифода намуда, ҷашни бошукӯҳи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро табрик мегӯям. Ҷашни миллӣ-давлатии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ! Дар ҳошияи 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи мавзуи “Соҳибистиқлолӣ—имкони худогоҳию худшиносӣ” нукоти иҷмолиеро хидмати шумо-хонандагони матбуоти даврӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ арз медорам:
(Андешаҳо дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ) Чун дар арафаи 35-умин солгарди ҷашни бошукӯҳи миллӣ-давлатӣ -- Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, кулли ҳамватанон ва тамомии тоҷиктаборони ҷаҳонро ба ифтихори ин ҷашни умумимиллию умумидавлатӣ шодбош мегӯем ва умед мекунем, ки истиқлолу ваҳдати миллӣ ҷовидонӣ бошад. Муҳимтар аз ҳама, истиқлолу озодӣ, дар баробари ҳаёту зиндагӣ ва донишу хиради фардию ҷамъӣ, аслу арзиши калидии инсонист ва танҳо миллату халқиятҳое ба дараҷаи истиқлолу озодӣ расидаву мерасанд, ки пеш аз ҳама, огоҳӣ ва истиқлоли фикрию зеҳнӣ дошта бошанд. Миллате, ки ба дараҷаи огоҳӣ ва истиқлоли фикрию зеҳнӣ нарасидааст, ба қадри озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ҳаргиз нарасидаву…
Истиқлолият барои ҳар як миллат на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки эҳёи худшиносӣ, бедории маънавӣ ва оғози марҳилаи нави таърихӣ мебошад. Барои миллати тоҷик, ки дар сарзамини худ таърихи чандинҳазорсола, фарҳанги ғанӣ ва мактаби бузурги илмиву адабӣ дорад, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар охири асри XX рӯйдоди сарнавиштсоз гардид. Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии худро интихоб намояд.
(мулоҳизаҳои куллӣ дар ҳошияи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ) Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва озодии миллӣ, балки заминаи ташаккули низоми муосири давлатдории дунявӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, илм, маориф ва технологияҳои нав гардид. Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвар марҳилаҳои муҳими рушди давлатдориро тай намуда, тадриҷан ба раванди ҷаҳонии рақамикунонӣ ворид шуд. Солҳои аввали истиқлолият, ки Тоҷикистон ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, боиси коҳиши истеҳсолот ва афзоиши бекорӣ гардида буданд. Дар он давраи ҳассос барқарор намудани сулҳ, таъмини суботи сиёсӣ ва бунёди пояҳои давлатдорӣ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор мерафт. Дар…
 Мусаллам аст, ки табдилу таҳаввулоту тараққиёте, ки тайи садаҳои ҳаждаҳу нуздаҳум минҳайси раванди фарогири сиёсию иҷтимоию фикрию маданӣ дар Урупо иттифоқ афтод, ногузир дигар манотиқи дуру наздикро ҳам бетаъсир нагузошт ва тадриҷан фазою муҳити таҳаввулоту таҷаддудгароӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ва пасон соири мамолик мутадовилу марсум гардид. Аз ҷумла, дар Русияи подшоҳӣ ва ба дунболи он дар амирсолории Бухоро ҳам таҷаддуду навгароиҳо доман густурданд ва ҳамин тур, бар мабнои таҳаввулоти урупоӣ, вазъи фикрию иҷтимоию фарҳангӣ як кам тағйир ёфт. Чаро як кам? Чунки фазои амирсолорӣ, ғолибан бар мабнои фасоди сиёсию иҷтимоӣ, сиёсати вопасгароӣ, беадолатӣ, ҷаҳолати саросарӣ, таассубу хурофапароканӣ, разоили ахлоқӣ, эътиқодоти…
Саҳифа аз 1 то 152