JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Яке аз бахшҳои муҳим, мураккаб ва таъсиргузори фарҳанги маънавӣ арзишҳо аст. Арзишҳо ба зиндагии инсонҳо маънӣ мебахшанд. Фарҳанги тамоми ҷомеаҳои инсонӣ усулан чизе нест ҷуз низоми арзишҳо ва ё тасвири хосе аз ҷаҳон, ки дар онҳо арзишҳо ҷойгоҳи меҳварӣ доранд. Арзиш мафҳуми фалсафист. Он бахше аз фалсафа, ки арзишҳоро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад, арзишшиносӣ ва ё аксеология ном дорад. Арзишҳо нуқтаҳои тамаркуз(ориентатсия) ва василаҳои ангезабахш (мотиватсионӣ)-и фаъолияти инсонҳо ва ҷомеаҳои инсонӣ мебошанд.
Чун дар арафаи 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорем, сараввал тамоми ҳамватанон ва кулли ҳаводорони сулҳу суботи ҷамъиятиро ба ифтихори ин рухдоди муҳимми таърихӣ табрику шодбош намуда, умед мекунем, ки парчами сулҳу салоҳи пойдор дар сайёраи инсонӣ барафрохта гардида, дар ҳамкорию ҳамбастагии умумӣ башар аз мусибати ҷангӣ наҷот ёбад.
Якшанбе, 04 Майи 2025 01:00

Навиди фараҳбахши фарҳангӣ

Муаллиф:
Имрӯз – 2 май зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода аст. Ҳамзамон, бо зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон ва ба муносибати 114-умин солгарди таваллуди шоири ширинсухан китоби муҳаққиқу адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода-ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар нашриёти “Дониш” аз чоп баромад.
 Душанбе ҳафтаи гузашта, дақиқтараш, рӯзҳои 14-21 апрел шаҳри Душанбе мизбони чорабинии муҳимми маърифатӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ -- Фестивал-озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ Парасту – 2025 буд. Тайи як ҳафта ҳаводорону ихлосмандону муштариёни ҳунари театрӣ, ки мутаассифона, дар ин шабу рӯз ангуштшуморанд, дар театрҳои касбии пойтахт намоишномаҳои озмуниро тамошо карда, ғизои лозимаи маънавӣ бардошта, тиҳигоҳи фикрию маданиашонро комил намуда, сатҳи завқи бадеӣ-эстетикии худро боло бурданд.
Дар умри ҷавони хеш устодону донишмандони ватанию хориҷиеро вохурдаву мулоқот кардаам, ки барои шогирдон улгӯ ва намуна буда, дар ташаккулу рушди шахсияти ахлоқӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва иҷтимоии шогирдон нақши калидӣ доштаанд. Дар феҳрасти ин гуна устодони саршинос, ки ҳамеша дар фикри боло рафтани сатҳи донишу маърифат ва касбияту одамияти шогирдонаш будаву ҳаст, устод ва профессори Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ҷаноби Инагаки Фумиаки қарор дорад. Дар мавриди ин гуна устодони сахтгир ва дар айни замон, меҳрубону ғамхор нанавиштану саҳифаеро сиёҳ накардан, фикр мекунам, гуноҳ аст, чаро ки маҳз тавассути роҳнамоиву заҳмату талошҳои ҳамин гуна устодон насли ҷавон роҳи худро дармеёбад ва масири…
Саҳифа аз 3 то 144