JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”) Назария ва таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимтарини давлатдории миллати тоҷик ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад. Боиси зикри хос аст, ки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон дар шароити мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон омили устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои миллату давлат ба шумор меравад.
Дар охири асри ХХ дар таърихи сиёсии ҷаҳон тағйироти кулли ба амал омад. Яке аз давлатҳои абадқудрати олам ИҶШС пароканда шуд. Моҳҳои август-сентябри соли 1991 ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ин сана дар ҳаёти сиёсии тоҷикон таърихи навтарин оғоз гардид. Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС (соли 1991) Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд институтҳои давлатдориашро муқаррар мекард. Боиси қайд аст, ки ба вазъи ҳарби сиёси – Ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда дар муддати кӯтоҳтарин дар мамлакат…
Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи фармони бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.
Душанбе, 12 Феврали 2024 03:53

Хурофот аз ҷаҳолат сарчашма мегирад

Муаллиф:
Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «хурофот» ба маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос омадааст. Аз рӯзе, ки инсоният дар ҷаҳони илм по гузошт, хурофот домангири ӯ шуда буд. Хурофот ва хурофотпарастӣ дар байни одамон курбониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар рушд ва пешравии ҳама гуна соҳаҳои илм ба олимон халалҳои ҷиддиро пеш овардааст. Ҳатто бо баланд будани ҷаҳолат ва хурофотпарастии одамони оддӣ олимони зиёде дар роҳи илм курбон шуданд. Аз ин рӯ хурофотро метавон дарди вазнини илм ва ҳатто марги илм номид. Асоси ба хурофот ва хурофотпарастӣ гирифтор шудани одамон ин ҷаҳолат, тангназарӣ ва аз илм дур…
Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуѓрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо…
Саҳифа аз 5 то 129