JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 01 Октябри 2026 10:58

Мавлоно ва мо (чанд сухани ихтисорӣ дар ҳошияи Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ)  

Муаллиф: Нозим Нуров

  Солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми сентябр ба унвони Рӯзи Мавлоно шинохта шуда, дар ин рӯз доираҳои илмию маданӣ ва адабию фарҳангии кишвар чорабиниҳо ва нишасту маҳфилҳо баргузор карда, аз ин тариқ хотираи неки ин мутафаккир, ориф ва шоири бузурги миллиро гиромӣ медоранд. Махсусан, дар радиои Тоҷикистон бо ҳузури шахсиятҳои матраҳи илму адабу ҳунари ватанӣ тариқи барномаҳои ҷаззобу ҷолиби мустақим солрӯзи устод Рӯдакию Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати вежа таҷлил мегардад ва ин гуна иқдом ба суннату анъанаи нек дар фазои радиоии миллӣ табдил ёфтааст, ки хеле умедворкунанда мебошад.

       Аз фурсат истифода бурда, Рӯзи Мавлоноро барои кулли тоҷикону форситаборони ҷаҳон шодбош гуфта, умед мекунем, ки асрҳои аср шеър, ғазал, маснавӣ, рубоӣ, андеша, оро, мерос, дидгоҳ, нуқтаназар ва мавқеъгириҳои фавқулодаи ӯ ганҷинаи адабу фарҳанги моро ғанӣ гардонида, наслҳои минбаъдаамон бо калому сухани мунҳасир ба фарди ин пири маънавӣ тарбият меёбанд.

        Чанд ҷумлаи муқаддимотиро бо истифода аз Рӯзи Мавлоно дар мавзуи “Мавлоно ва мо” хидмати шумо арз медорем:            

       Якум. Мавлоно на танҳо барои замони худ, балки барои даврони мо ва пасовандони мо ҳам паём додааст. Паёми ӯ, ба назари мо, иборат аст аз:

        - шод бошед ва шод зистанро омӯзеду тарғибу ташвиқ намоед. Чун шодзистӣ дар баробари зиндагидӯстӣ, меҳрварзӣ, хирадмандӣ, фарзонагӣ ва накукорӣ аз ҷумлаи меъёрҳои калидии фарҳанги мо тайи таърихи тулонӣ будаву ҳаст. Устод Рӯдакӣ ин аслу арзиши зиндагӣ (шодзистӣ)-ро матраҳу тариқи шеъри оламгираш тараннуму ташвиқ карда буд (Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод, Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод, Боду абр аст ин ҷаҳон, афсус, Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод!) ва Мавлоно дар замон ва шароити хосси таърихӣ, пас аз фосилаву вақфаи замонӣ, дигарбора ба ин асл тамаркуз карда, онро минҳайси арзиши калидӣ дар зиндагию рӯзгори инсонӣ талаққӣ намудааст (Дар ин хок, дар ин хок, дар ин лаҳзаву айём, Ба ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар тухм накорем!);

       - интиқод ва нақд карда тавонистан ва дар айни замон интиқодпазир будан зарурати асосӣ дар ҳар давру замон будаву ҳаст. Ҳар қавму миллияту ҷомеае, ки аз имтиҳони нақду интиқодгарӣ ва интиқодпазирӣ намегузарад, муваффақ буда наметавонад. Бинобар ин, таҷрибаи нақди солим ва интиқоди мунсифонаро бояд андӯхт ва дар амал татбиқ кард. Қуввати тозиёнаи интиқодро Мавлоно сараввал дар бадани худ имтиҳон мекунад ва пасон дар ҷомеа мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ба сухани дигар, Мавлоно нақдро аз худ шуруъ мекунад ва иштибоҳоту хатоҳояшро рӯйирост фош мекунад, то ин ки мардум нақду наққодиро аз худ шуруъ намоянд ва онро минҳайси арзиш дар кулли зиндагию рӯзгор истифода бубаранд. Ба ин маъност, ки дар ғазале мегӯяд:

                      Девро Ҷабраил кардам ном,

                      Жожро ҳуҷҷати мубин гуфтам...

                       Аз харӣ буд, он набуд зи хирад,

                       Ки хари модаро такин гуфтам.

                       Тавба кардам аз ин хато гуфтан,

                        Ҳама умрам бас ар ҳамин гуфтам.

       Интиқодоти Мавлоно, ғолибан бар мабнои таҷрибаи мунтақидии фардӣ ва мутолетоту мушоҳидоту муқоисоти мантиқӣ сурат гирифта, дар қолиби шеър дароварда шуда, манзури ҷомеа гардонида шудаанд;

      -дар ҳама ҳолат инсон будан ва инсонвор зистанро Мавлоно ҳадафи зиндагӣ шинохта, дар ин масир умр фарсуданро таманно менамояд. Ба назари Мавлоно, ҳадду марзи инсонӣ баландтар, фаротар ва бартару болотар аз ҳадди мусулмонияту диният аст. Ин аст, ки нидо дармедиҳад:

                     Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

                     Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.   

        Дувум. Зиндагӣ ва рӯзгори Мавлоно, дар кул, ба ду давра тақсим мешавад: давраи тошамсӣ, яъне то ҳузуру вуҷуду нуфузи Шамси Табрезӣ ва давраи пасошамсӣ. Бо ҳузури Шамси Табрезӣ (1285-1248) дар Қуния Мавлоно аз як суфии суннатӣ ба як орифи инқилобӣ табдил мешавад. Ин маънои онро надорад, ки Мавлоно пеш аз зуҳури Шамс мақому ҷойгоҳ надошт. Албатта, ки дошт, аммо ҳамеша вуруду ҳузуру ташрифи ин орифу мутафаккири интиқодгарро мунтазир буд. Чун Мавлоно дар танҳоӣ ҷуръати бурузи андешаҳои инқилобии фикрию ақидатиро надошт ва ҳамин ки Шамс ҳозир шуд, ҳолаш дигаргун гашта, вазъи инқилобӣ дар арсаи ибодат, ақида, фикр, тасаввуф ва ирфон дар Қуния ва қаламрави Осиёи Сағир (Рум) бо ҳузури ӯ ба вуҷуд омад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно ва Шамс чун ду шахсияти ҷудогонаи фикрию маърифатӣ, аз як тараф ва ду шахсият дар як колбуди вуҷудӣ, аз тарафи дигар, зуҳур кардаанд. Бо омадани Шамс Мавлоно ба худ меояд, он чи ки аз ҳикмату ирфон андарун дошт, бурун мекунад ва бо шӯру шавқи орифонаву ҳайҳуйи суфиёна садо мезанад:

                Дар даст ҳамеша Мусҳафам буд,

                Дар ишқ гирифтаам чағона.

                Андар даҳане, ки буд тасбеҳ,

                Шеър асту дубайтиву тарона.

      Тайи фосилаҳои ошноӣ дар доираи ду соли дидору мулоқоту боздиду ҳамнишиниҳо бо Шамси Табрезӣ (тайи солҳои 1246-1248), ки аз ҷумлаи мунтақидони сарсахти хушкандешии мазҳабӣ ва таҷаддудгароёни низоми суфигарии асрӣ маҳсуб мешуд, Мавлоно ҷони тоза мегирад ва ба баракати суҳбату малоқоту муколимот бо ӯ фазои ибодӣ, маърифатӣ, ҳикматӣ, хонақоҳӣ, тасаввуфӣ ва ирфонии Қунияро сифатан тағйир медиҳад. Барои Мавлоно Шамс мисоли асл буд, то ҷое ки мефармояд:

             Биё, эй муфхари Табрез, Шамси Табрезӣ,

            Мисоли асл, ки асли вуҷуду эҷодӣ.

      Баъди реҳлати Шамс Мавлоно дарду доғи худро аз тариқи шеър ва тадвини “Девони Шамс” ҷуброн мекунад ва симои ӯро дар Салоҳуддини Заркӯб (вафоташ соли 1258) ва Ҳисомуддини Чалабӣ (вафоташ соли 1284) меҷӯяд. Дар воқеъ, Шамс як шахсияти симобӣ ва интиқодию ҷанҷолии замон буд, ки ҷомеа ва махсусан, диндорону мутаассибони давр тоқату шунидани ҳарфҳояшро надоштанд. Вале ӯ бидуни тарсу ҳарос афкори интиқодиашро мепароканд, мусиқиро дар самои суфиёна ҷо карду мутадовил сохт ва ҳамин тур, муҳтавои ваъзи суфиёнаро тағйир дода, ҳолати хонақоҳию ирфониро дигаргун намуд. Ба ин лиҳоз, Шамс мавриди хашму ғазаби доираҳои мазҳабӣ ва аз ҷумла шогирдони Мавлоно қарор гирифта, ибтикороти ӯ охируламр ба маргу нопадид шуданаш мунҷар гардид. Аммо сухану амалоти ӯ дар қолиби “Мақолот” боқӣ монд ва то имрӯз дарёи маърифати моро шодоб месозад ва аҳли илму маорифу маданият аз калому суханони ғайримуқаррариаш, ки бинои таассубу хурофоту хушкандешии давру замонро ба ларзиш дармеовард, баҳра мебаранд.

       Севум. Мавлоно қолабшикан буд ва қолабшиканиро дар умури иҷтимоию ирфонӣ  роиҷ кард. Ӯ бар хилофи одоту русуму суннани замонӣ, “Маснавии Маънавӣ”-ро бидуни риояти меъёрҳои маъмулии маснавинависӣ таълиф карда, ҳадафу рисолати огоҳонидану раҳонидани мардумро аз мушкилоти замонӣ ва ҳассосиёти маконӣ дунбол кардааст. Ба ин маънӣ мефармояд:

                Баҳри анҷоми рисолат омадам,

                То раҳонам ман шуморо аз надам.

         Рисолат-миссияи Мавлоно, тавре ки гуфтем, додани огоҳӣ, ифшои камбуду навоқиси замон, дарки ҳассосиёти макон ва бар мабнои таҷрибаи рӯзгор ва мушоҳидоту муқоисоти мантиқӣ гӯшзад кардани навоқиси асрию замонӣ будааст. Ҳадафи худро дар як байташ ин тавр матраҳ месозад:

          Иқтизои ҷон чу ай дил, огаҳист,

          Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.

        Аз сӯйи дигар, Мавлоно аз мардум тақозо мекунад, ки навмед набошанд ва ҳамеша ба сӯйи нуру хуршед ҳаракат кунанд. Ин навъ ба истилоҳ, оптимизмро танҳо Мавлоно дар шакли фаҳмову равшан баён сохта метавонист:

           Сӯйи навмедӣ марав, уммедҳост,

           Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.

       Чаҳорум. Мавсуф ба сифати мунтақиди иҷтимоӣ масъалаву мушкилоти замонро дуруст дарк карда, ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо аз тарқи шеъру сухан ҳиммат гуморидааст. Масалан, ихтилофоти мазҳабию ақидатӣ дар феҳристи мушкилоту уқдаҳои асрӣ қарор дошта, Мавлоноро ҳам азият медодааст. Ӯ кӯшидааст, ки бар мабнои ривоёту мадорики динӣ-мазҳабӣ, аз ҷумла аҳодиси қудсию набавӣ воқеияти мазоҳиби хушкро ошкор сохта, роҳи дурусти ибодиро барои мардум нишон бидиҳад. Бар илова, Мавлоно дар доираи ривояти Мусо ва шубон тарзи ибодати мардумиро аз ибодоти расмии расулӣ-паёмбарӣ бартарӣ дода, шеваи ибодии отифии шубонро ба унвони сабки ибодатии дастрасу отифӣ тарғибу ташвиқ менамояд. Ба ин пораи ҳикоёти марбута таваҷҷуҳ мекунем:

Дид Мусо як шубонеро ба роҳ,

К-ӯ ҳамегуфт: ай Худову ай илоҳ.

Ту куҷойӣ, то шавам ман чокарат,

Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.

Ҷомаат шӯям, шабушҳоят кушам,

Шир пешат оварам, ай муҳташам.

Дастакат бӯсам, бимолам поякат,

Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.

Ай фидои ту ҳама бузҳои ман,

Ай ба ёдат ҳайҳайю ҳайҳои ман!

Ин намат беҳуда мегуфт он шубон,

Гуфт Мусо: бо кӣ аст ин, ай фалон.

Гуфт: Бо он кас, ки моро офарид,

Ин замину чарх аз ӯ омад падид.

Гуфт Мусо: Ҳой хирасар шудӣ,

Худ мусулмон ношуда кофар шудӣ.

Ин чӣ жод асту чӣ куфр асту фишор,

Пунба андар даҳони худ фишор...

   Ва дар идомаи матлаб Мавлоно ғазабу итоби Ҳақро бар Мусо ба сабаби густохии паёмбарона бар ибодоти отифии авомонаи шубон хеле зебову нишонрас ироа медорад ва бад-ин тариқа воқеияти ибодатиро дар қолиби тарзи ибодати шубон тарғиб мекунад:

Ваҳй омад сӯйи Мусо аз Худо,

Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.

Ту барои васл кардан омадӣ,

Не  барои фасл кардан омадӣ...

Мо забонро нангарему қолро,

Мо равонро бингарему ҳолро...

Хун шаҳидонро зи об авлотар аст,

Ин хато аз сад савоб авлотар аст.

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,

Ошиқонро миллату мазҳаб худост.

      Саранҷом Мусо дунболи шубон мегардад ва пӯзиш хоста арз медорад, ки:

Ҳеҷ одобеву тартибе маҷӯ,

Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат бигӯ...

Куфри ту дин асту динат нури ҷон,

Эманӣ в-аз ту ҷаҳое дар амон...

        Панҷум. Мавлоно, чи дар “Маснавии Маънавӣ” ва чи дар “Девони Шамс” ҷуръату ҷасорати иҷтимоию фикриро ба намоиш мегузорад ва дар ин баробар, гиряву бечорагию бечоранолиро дар қолиби истилоҳии “сустаносирӣ” мазамммат мекунад:

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,

Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст…

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.

Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,

Он нури рӯйи Мусии Имронам орзуст.

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,

Он ҳой-ҳуйю наъраи мастонам орзуст.

Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом,

Муҳр аст бар даҳонаму афғонгам орзуст.

Дӣ Шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

Гуфтанд: ёфт менашавад, ҷустаем мо,

Гуфт: он кӣ ёфт менашавад, онам орзуст.

Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,

Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст…

     Ба ин тартиб, Мавлоно дар “Маснавӣ” бархурди ду навъи андеша ва идеоложӣ – яке, мафкураи расулӣ ва дигаре ибодати содаю самимию отифии мардумиро дар қолиби ҳикоёти “Мусову шубон” ва мунтаҳо, пирӯзии ибодати отифии мардумӣ ҷамъбаст менамояд.

         Шашум. Мавлоно дар ҷустуҷӯйи инсони ҳақиқӣ, на ҷаълӣ буда,  ин аслро бар асоси ривояту ҳақиқатҳое, ки дар заминаи тарзи зиндагии фавқулодаи файласуфи Юнонӣ Диагени Калбӣ ё Синопӣ (файласуфи юнонӣ, ки тайи солҳои 323-412 пеш аз милод зиндагӣ карда, умре дар хуми гилӣ ба сар бурда, бо ҷуръату ҷасорати фардӣ, бетамаъӣ, озодандешӣ, озодагӣ, худкифоӣ ва ошкорбаёниаш миёни мардум маъруфият дошт) марсуму мутадовил буданд, дар “Маснавӣ” ба ҷилва дармеоварад:

     Он яке бо шамъ бармегашт рӯз,

     Гирди ҳар бозор дил пуришқу сӯз.

     Булфузуле гуфт ӯро, к-эй фалон,

     Ҳин чӣ меҷӯйӣ ба пеши ҳар дукон?

     Ҳин чӣ меҷӯйӣ ба ҳар сӯ бо чароғ?

     Дар миёни рӯзи равшан чист лоғ?

     Гуфт: Меҷӯям ба ҳар сӯ одаме,

     К-ӯ бувад ҳай аз ҳаёти он даме.

     Гуфт: Ман ҷӯёи инсон гаштаам,

     Менаёбам ҳеҷу ҳайрон гаштаам.

       Ҳамин персонажи маъруфи таърихӣ ва шахсияти матраҳи фалсафӣ (манзур Диагени Синопӣ аст)-ро Мавлоно дар ғазали машҳуре, ки бо матлаи “Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст” оғоз мешавад, дар симои “Шайх” дигарбора ҷилвагар сохта, иддаои “ҷӯёи инсон гаштан ва наёфтану ҳайрон мондан”-и ӯро минҳайси иддаои бунёдӣ дар заминаи инсонсозию инсоншавӣ талаққию талқину таблиғ мекунад: 

                     Дӣ Шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

                     К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

         Ҳафтум. Мавлоно ва шеъру мероси ӯ имрӯз ҳам ба дарди мо ва ҷомеаи мо мехуранд. Бо таълифи “Маснавии Маънавӣ”, ки тавассути Ҳисомуддини Чалабӣ (шогирд, пайрав ва ҳамтабори Мавлоно) китобат шуда, “Ҳисоминнома” низ ёд шудааст, Мавлоно хостааст, ки буҳрони бемафҳумию бемаъноию беарзишии замонашро маҳор кунад ва роҳҳалҳое барои рафъи буҳрон ироа фармояд. Дар зимн, имрӯз низ ҷомеаи мо ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳамчунин мушкилоте, ки дар маҷмуъ, дар қолиби буҳрони бемаъноию бемафҳумию беҳувиятию худбохтагӣ зуҳур кардаанд, дасту панҷа нарм мекунанд. Мавлоно роҳи раҳоиро дар огоҳӣ, ҷавҳаршиносӣ, худшиносӣ, бетамаъӣ, шарафмандӣ, муҳаббатварзӣ, инсонгароӣ ва худкифоятии маънавӣ ба мушоҳида гирифтааст. Имрӯз ҳам, мутаассифона, аз чунин вазъи асафборе ранҷ мебарем. Ин аст, ки ба шахсият, дидгоҳ, шеър ва андешаву орои Мавлоно сахт ниёз дорем. Шахсият, андеша, шеър, дидгоҳ ва мавқеияти Мавлоно дар шинохти дурустҳисобии мушкилот, уқдаҳо, муаммоҳо ва масъалаҳои замон барои мо аз ҳар ҷиҳат кумак мекунанд.

     Рӯзи Мавлоно муборак, ҳамватанони гиромӣ!

Нозим Нуров

   

Хондан 50 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Мавлавӣ ва Ҳофиз