JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар охири садаи XIX бо саъю талоши Аҳмади Дониш асосҳои илмиву назарии маорифпарварӣ, марому маслак ва идеалҳои иҷтимоиву маънавии равшангарӣ ташаккул ёфт. Ба андешаи мо ин дигаргуниҳо ва талошҳои пайгирона барои ба вуҷуд омадани давраи дуюми ҷунбиши маорифпарварӣ, яъне давраи амалӣ шудани марому маслакҳои Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ замина гузошт. Чунин ба назар мерасад, ки насли дуюми маорифпарварӣ фаъолияти худро асосан ба кушодани мактабҳои усули ҷадид, дарсномаҳои нав, чопи рӯзномаву маҷаллаҳо, тарғиби мароми равшангарӣ равона карда буданд. Ин маромҳо дар ибтидои қарни XX ба мухолифатҳои сиёсиву гурӯҳӣ рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, вале аҳли равшангарони тараққихоҳро дар чорчӯбаи…
Аслан Конститутсия ин санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ буда, дорои қувваи олии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври мушаххас дар меъёрҳои муайян ба танзим медарорад. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсия тавассути меъёрҳои муқараркардаи махсус нақши асосиро дорад. Бояд қайд кард, ки ҳангоми вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ ва вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиботи муайянкардаи Конститутсия меъёрҳои вайронгардидаро ба воситаи мақомоти дахлдор бо роҳи маҷбуркунӣ таъмин менамояд. Бахусус нақши Конститутсия дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас аст, чунки он муайянкунандаи самту фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб иборат аст, ду…
Сешанбе, 11 Июни 2019 08:19

Терроризм – хатари глобалӣ

Муаллиф:
Яке аз масъалаҳои доғе, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Ба назари муҳаққиқон ва коршиносон, терроризм - сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор ба ҳисоб меравад. Аммо, новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад.
Панҷшанбе, 30 Майи 2019 12:50

Дунявият ва низоми сиёсии динӣ

Муаллиф:
(чанд андеша дар мавридди монеъи рушд будани низоми сиёсии динӣ) Пас аз нашри мақолаи файласуфи тоҷик Ҳафиз Холиқзода дар мавриди исломи сиёсӣ ва монеъи рушди миллат будани он, дар ин замина интишор ёфтани ҷавобияи хушунатҷавҳари Амруллои Низом таҳти унвони «Гуфту куфт» ва навиштаи файласуфи муосири тоҷик Нуриддини Шаҳобиддин таҳти унвони «Мазҳаб ва инкишоф», ҳамчунин вокуниши С. Истаравшанӣ тасмим гирифтем, як таҳлили иҷмолиро дар мавриди дунявият ва низоми сиёсии динӣ анҷом бидиҳем. Башарият дар тӯли мавҷудияти хеш аз навъҳои мухталифи идоракунӣ истифода намудааст, ки ҳар кадоме аз ин шеваҳо ба дараҷаи дониш ва фаҳму ҷаҳонбинии башар дар ҳар марҳилаи тараққиёт вобаста…
Панҷшанбе, 30 Майи 2019 11:45

Адабиёт ва фарҳанги миллӣ

Муаллиф:
 (чанд мулоҳизаи куллӣ) Муқаддима Инсоният аз лаҳзаҳои нахустини шинохти хеш ва мусаллат шудан бар огоҳиҳои муқаддамотӣ, бо ин ё он роҳ мехостааст эҳсос, орзуву омол ва бинишу фаҳмиши худро дар робита бо зиндагӣ ва муҳити иҷтимоӣ баён созад. Зиндагӣ ҳатто дар бомдоди фарҳанги башарӣ барои инсон муқаддам ва муқаддас будааст. Бар ин мабно, башар дар тӯли таърих бардошту эҳсосоти худро аз зиндагӣ бо василаҳои гуногуни ҳунарӣ -- ба воситаи афсона, ривоят, ҳикоя, масал, шеър, тарона, рӯбоӣ, мусиқӣ, театр, кино, наққошӣ, фалсафа, дин, ирфон, адабиёт ва амсоли инҳо ифода намудааст ва то имрӯз ин ҷараён ҳамчунон идома дорад. Дар ин замина,…