JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шароит ва заминаҳои пайдоиши адабиёти муқоисавӣ дар Миср. Миср дар миёни кишварҳои арабӣ ҳамчун Сурия, Марокаш, Лубнон, Кувайт ва Баҳрайн собиқаи бештар ва густардатаре дар адабиёти муқоисавӣ дорад. Бинобар ин метавон бо баррасӣ ва таҳлили адабиёти муқоисавӣ дар Миср ба унвони меҳвар ва маркази кишварҳои арабӣ ба нигарише куллӣ дар бораи адабиёти муқоисавӣ дар донишгоҳҳои араб даст ёфт. Тағйир ва таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Миср заминаҳои пайдоиши тафаккури ҷадидро фароҳам кард. Фиристодани ҳайатҳои илмӣ ба Аврупо иртиботи Мисрро бо ҷаҳони ғарб зиёд намуд. Нахустин ҳайати илмӣ дар замони ҳукумати Муҳаммад Алӣ Пошо ба Аврупо фиристода шуд.
Дар мақола масъалаҳои марбут ба ба дониши ҳуқуқӣ ва ҳуввияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риштаи таҳқиқ омадааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки дар шароити имрӯза омодагии шахс ба шароити нави иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва пайдо намудани решаҳои ташаккули ҷаҳонбинии он дар таносуб бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ, ки имрӯз бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст, бевосита аз ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ вобастааст. Дар мақола қайд карда мешавад, ки мавҷудияти ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва сатҳи он баҳри танзими ҷабҳаҳои фаъолияти ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият заминаи воқеӣ мегузорад.
 Ҳадафи ин мақола ошноии хонанда бо файласуф ва назарияпардози амрикоӣ Нoам Чомский аст. Ибтидо хулосае аз зиндагӣ -макону замони таваллуд, таҳсил ва пешинаи хонаводагии вай ироа шудааст. Сипас ба муаррифии назарияи забоншиносии вай, таҳлили решаҳои эҷоди ин назария ва шабоҳату тафоввути он бо назариёти ёдгирӣ, хусусан рӯйкарди Бандуро ва Пиоже мепардозад. Дар поён дидгоҳҳои сиёсии Чомский дар мавриди сиёсати хориҷии давлати Амрико муаррифӣ шудааст.
Панҷшанбе, 16 Майи 2019 09:45

Таҳаммул ва ё таомул

Муаллиф:
 (Мулоҳизаҳо дар ҳошияи мақолаи Зафар Суфӣ перомуни нигоштаҳои Ҳафиз Бобоёров «Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ») Салом ҳамватани таҳаммулгароям Зафар Суфӣ! То ҷое, ки ба эҷодиёти Шумо ошноӣ доштам Шуморо ҳамчун шахсияти фарҳангӣ бо мавқеи шаҳрвандии нисбатан мустақил мепиндоштам. Зимни эҷодиётатон ҳарчанд духурагиҳо зиёд ба назар мерасид, аммо андешаҳои равшанфикрона ҷой доштанд.
Босуръат паҳн шудани интернет ва зиёдшавии шумораи истифода-барандагони он ба пайдо шудани шаклҳои электронии нашрияҳо мусоидат намуд, ки кори дастрасии иттилоотӣ ва фаврияти паҳншавии онро осон гардонид. Чопи маводи илмӣ ва маҷаллаҳои тақризшаванда низ аз ин раванд берун намонда, ҷузъи рушди босуръати маводи электронӣ гаштаанд. Дар ин замина таҳқиқи маводи электронии илмии интернетӣ низ дарҳол пас аз рӯи кор омаданаш шурӯъ гардид ва имрӯз муҳиққиқони зиёд дар ин самт кор мебаранд [1,2,3,4].