Номи расмӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон. Масоҳат – 357,021км2. мураббаъ, аҳолӣ – 82 800 000. млн нафар (2018). Таркиби миллӣ – олмониҳо (91,5%), туркҳо (2,4%), итолиёвиҳо (0,7%) ва дигарон (асосан зодагони Югославияи собиқ). Забони давлатӣ – олмонӣ. Дин – протестантҳо (38%), католикҳо (34%), мусулмонҳо (1,7%). Пойтахт – шаҳри Берлин. Баъзе аз муассисаҳои давлатӣ ҳанӯз дар шаҳри Бонн қарор доранд.