JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Дар мақолаи мазкур афкори баробарии ҷомеаи ормонӣ аз дидгоҳи мутафаккири маъруф Абӯали Ибни Сино баррасӣ мешавад. Ормонҳои баробарӣ танҳо дар асоси арзишҳои инсонӣ аз назари муаллиф мавриди баҳс қарор гирифтааст. Муаллиф кӯшидааст, ки баробарии иҷтимоии инсониятро ба воситаи андешаҳои Сино таҳлил карда ба шароити имрӯза таҷзия диҳад. Назарияҳо оид ба ин мавзӯъ бо унвони мухталиф - аломатҳо, лаҳзавӣ, назарияи консервативӣ, конструктивистӣ, либертарӣ ва ғайра маълуманд. Дар мақола муаллиф ҷиҳати муҳимтарини феномени фалсафаи сиёсии Синоро дар чаҳорчӯбаи методологиияи илмӣ мавриди пажӯҳиш қарор доданд, ки барои рушди шахсият маҳз омилҳои таҳқиқшудаи назарияи мазкур асосӣ буда, аз баробарии иҷтимоии идеяи адолат дарак медиҳад.…
 Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумӣ(астронономӣ)-ро паси сар мекунад ва дар моҳи Фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ, ки мӯъҷизакориро аз он оғоз карда буд, бармегардад. Агар ба рамзи Наврӯз аз дидгоҳи даруннигарӣ (маъниҷӯӣ) назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст, на кӯҳнапарастӣ, ки баъзе аз ашхос ба хато, бо чашми зоҳирбин онро чунин пиндоштаанд. Ҳарчанд…
 Мардуми тоҷик ва дар кулл, ориёинажод бо расолати фарҳангии худ, ки дар назди инсоният доранд, бешубҳа, мардуми хушбахтанд, зеро саҳми онҳо дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Яке аз ин дастовардҳо бунёди оини Наврӯз аст, ки бофтаву тофтаи илми нуҷум (астрономия) ва илми ахлоқ (тарбия) аст. Воқеан, илми аслӣ ҳамон аст, ки дархӯри ҳама ва оламшумул бошад ва барои тамоми ҷаҳониён хидмат намояд. Падидаи ҷаҳонӣ будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони мутабаҳҳири тоҷикзабон (хоразмиву суғдиву хуросонӣ), ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ…
Мақолаи мазкур бо дарназардошти заминаҳои фароҳамбуда ва таҷрибаи амалию таҳқиқотӣ таҳия гардида, ба сифати роҳнамо - нишондиҳандаи роҳу усуслҳои ташаккули низоми (системаи) амалисозии чорабиниҳои идеологӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла, дар самти таъмини амнияти идеологӣ ва ба ин васила муқовимати бонизом ба падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, ҷинояткорӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва ғайра мебошад. Роҳу усулҳои муносиби таблиғи идеологияи солим муайян карда шуда, дар шакли тавсия ва пешниҳодҳо барои истифодаи васеъ манзур мегардад.
 Миллати Озарбойҷон ба монанди тоҷикон решаҳои куҳан ва таърихи қадима дорад. Дар асри X-и пеш аз мелод дар ҳудуди давлати Озарбойҷони кунунӣ заминаҳои бунёди аввалин давлатҳои қудратманди он замон, ба монанди Мания ва Модияро дар саҳифоти таърих сабти ном кардаанд, ки таҳти тасарруфи онҳо дар тӯли зиёда аз 300 сол миллат ва халқиятҳои зиёд умр ба сар бурда, барои ташаккулёбии хеш шароити мусоид фароҳам оварда буданд.[1] Таърих гувоҳ аст, ки он замон бо назардошти бо суръат пайдошавии давлатҳои зиёди ғуломдорӣ, набардҳои шадид бо мақсади ҳарчӣ бештар васеъ намудани ҳудуди давлати худ ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина, дар асри VII-и…