JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷомеаи шаҳрвандӣ истилоҳест, ки асрҳои ХVII-XVIII дар таълимоти иҷтимоӣ - фалсафии мутафакирони барҷастаи Аврупои Ғарбӣ Т. Гоббс, Ҷ. Локк, И. Кант ва Г. Гегел ташаккул ёфта, ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шудаанд. Мутафаккирони номбаршуда тарҳи чомеаи шаҳрвандиро мутобиқ инкишофи донишҳои иҷтимоӣ – фалсафии қарнҳои зикршуда ба роҳ монда буданд. Файласуфи бузургӣ англис Т. Гоббс дар асарҳояш «дар бораи шаҳрванд» ва «Левиафан» консепсия ҷомеаи шарҳвандиро баён кардааст, ки дар натиҷаи нест кардани ҳолати табии – ваҳши инсон ва гузаштани ў ба ҷомеаи фарҳанги пайдо мешавад. Ба ақидаи мутафаккир вазифаи давлат аз он иборат аст, ки сулҳ ва тартибу низомро таъмин намуда инсонро ба…
Калимаи шуубия ба таври умумӣ номи ҷунбишест, ки мӯътақид ба фазилат ва бартарии араб бар соири ақвоми олам нест ва ба таври хос иборат аз фирқаест, ки душмани аслу насаби араб аст ва ин қавмро пасттарин ақвоми олам мешуморад ва аслу насаби аҷамро бар араб афзалият медиҳад. Бинобар ин калимаи шуубия дорои се мавриди истеъмол аст, [15,c.67] ки дар боло онҳо номбар шуданд. Аз ин рӯ, таърифи истилоҳи шуубия дар адабиёти тафсирӣ ба таври гуногун шарҳу баён ёфтааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ 30 октябри соли 1926 дар Бухоро, дар хонадони фозил ва маъруфи тоҷик Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (вафоташ соли 1932) ба дунё омадааст. Соли 1945 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва дар Донишгоҳҳои давлатии омӯзгории Кӯлобу Душанбе муаллимӣ кардааст. Баъди хатми аспирантура соли 1951 солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намудааст. Баъдан, раиси Кумитаи истилоҳоти назди фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ кор кардааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои асосии ғояи миллии моро дар самти давлатдорӣ эълом доштааст, ки аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ иборат мебошанд. Ҳамзамон, ҳадафҳои миллии мо, чун таъмини ваҳдати миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ин ғояи миллии моро боз ҳам комилтар мекунанд. Дар маҷмуъ, эҳёи давлатдории миллӣ бо дарназардошти махсусиятҳои ҷаҳони муосир самту раванди ташаккул ва рушди давлати моро дар шароити имрӯза муайян месозад. Дар ин раванд бошад, истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгон, инчунин даврони шӯравӣ ва тахминан се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ поя ва заминаи муҳимме барои…
Худкушӣ падидаест, ки аз замонҳои қадим миёни мардум маъмулу машҳур буд, аммо тасаввуротҳо оид ба ин падида дар давраҳои мухталиф дар шаклҳои гуногун инъикос мегардиданд. Ҳанӯз дар замонҳои қадим дар ҷамъият нисбати худкушӣ ақидаҳои мутақобил вуҷуд доштанд. Дар фарҳанги юнону римӣ нисбати худкушӣ муносибат манфӣ буд ва онро ҳамчун ҷиноят медонистанд. Аз рӯи қонун дастони шахси худкушро аз тан ҷудо карда, онро дар ҷойи алоҳида мегузоштанд. Дар Афина ва Спарта ҷасади шахсони худкушро беиззатона месӯзонданд ва нисбати он нафрату ҳисси бадбинӣ доштанд. Файласуфони Юнони қадим бошад, дар ин бора фикру ақидаҳои мухталифро пешниҳод кардаанд. Масалан, Пифагор ҳаёти инсонро ба ақрабаки…