JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Тоҷикистони азизи мо дар арафаи руйдоди муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Тоҷикистон қарор дорад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоботи навбатӣ рузи 11 октябри 2020 баргузор хоҳад гардид. Дар давоми 29 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин интихоботи панҷуми Президенти кишвар хоҳад буд, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар солҳои сипаришуда ҳамватанони мо таҳти сарварии Пешвои миллат бо заҳмати шабонарузии худ Истиқлоли Ватанро таҳким дода, мақоми ҷумҳуриамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Дар эъмор ва таҳкими аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон нақши калидӣ бешубҳа ба Роҳбари мамлакати мо тааллуқ дорад. Дар 29 соли даврони Истиқлол…
Дар сад соли охир ҷиҳати тавсеаи манофеи сиёсиву иқтисодии хеш иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои мусалмоннишини шарқӣ бозии бовару эътиқодро ба роҳ монда, онҳоро дар ҳолати бархӯрд, нодонӣ ва хурофазадагиву вопасгароӣ нигоҳ медоранд. Ин кишварҳо бо сенария ва намоишномаҳои сиёсиашон исбот кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ ҳолат, ба манфиати давлатҳои миллӣ ва низомҳои дунявии Шарқ мутамоил нестанд ва барои шикастан ва дақиқтараш, решакан кардани рӯҳияи миллӣ, илмоният ва дунёмадорӣ аз ҳар василае, махсусан, омили дин ва мазҳаб корбаст менамоянд.
 Имрӯз дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон масъалаи ҳалли чанд мушкилоти вуҷудӣ истодааст. Аз миёни онҳо яке заифии илм дар муқовимат бо вабои аср- пандемияи коронавирус ва дигаре муқобила бо ифротгарии динӣ мебошанд. Ҳалли муваффақонаи ин ду мушкил аз муайян кардани роҳҳои пешрафтаи рушди минбаъдаи илму маориф вобаста мебошанд. Агар Тоҷикистон дар фалсафаи илм ва стратегияи рушди илм навоварии усулӣ ва методологӣ ба вуҷуд наорад, ин ба боз ҳам амиқ ва чуқуртар шудани буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мерасонад. Сухан дар бораи илм ва методологияи илм меравад, ки ҳоло дар фалсафа зери унвони эпистемология машҳур аст. Тибқи низоми…
Шеър, хоса шеъри ғиноӣ, зодаи хаёлу илҳоми ногаҳонии шоири асилест, ки падидаҳои офаринишро мутобиқи завқи вежаи хеш бозшиносӣ карда, онҳоро дар густараи забон ғолибан ба гунае мавзуну муқаффо рақам мезанад, ки мухотаби ӯ бо хондани он ба дарку бардошти зебоишиносонаи шоир аз падидаҳои ҳастӣ даст меёбад. Муҳаммадтақии Баҳор мегӯяд, ки «шеъре, ки мақсуди мост, шеърест, ки аз димоғи шоире лоиқ ва дар як вақти озод ва ё ба вақти торике дар буҳбуҳаи эҳсосот ва тарокуми авотифи гуногун ва дар як ҳоли ҳаяҷонӣ гуфта шавад»[5, c. 931]. Ҳар андоза диди шоир ҳунармандона бошад ва ҳар андоза ҳусни баёнаш нозук, ба ҳамон…
Яке аз масъалаҳои мураккаб ва баҳсноки иҷтимоӣ ин шеваи идоракунӣ ва нигоҳдошти рушди низоми иҷтимоӣ маҳсуб аст. Дар ин замина дар ҷомашиносии охири саддаи 19 ва аввали саддаи 20 ду назарияи асосӣ: яке назарияи низоии рушди иҷтимоӣ ва дигаре назарияи функсионалии рушди ҷомеа ба миён омаданд. Назарияи низоъӣ ҷомеаро муборизоти ҳамешагӣ медонад, ки ин муборизот ба хотири дастёбӣ ба сарват ва қудрат сурат мегиранд ва ҳолати ҳамешагӣ ва давомдори ҷомеъаанд. Назарияи низоъро вобаста ба бунёд ё ҷавҳари низоъ метавон ба ду шоха тақсим намуд: яке, шохаест, ки қудратро асли низоъ медонанд ва дигаре, назарияи марксистии инкишофи ҷомеа мебошад. Поягузори шохаи…