JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Сентябри 2020 05:29

Дунёмадорӣ ва инсонмеҳварӣ

Муаллиф:
Инсон аз бомдоди зиндагӣ ба донистану дарк кардани ҳастӣ ва вуҷуду ҳайсияти худ талош варзида, то имрӯз дар ин масир ҳаракат мекунад. Саъю талошҳои инсонӣ дар ростои шинохти ҷаҳону ҳастӣ ва шахсияту ҳайсияти фардию ҷамъӣ боиси ба вуҷуд омадани мактабу маслак, ҳазбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои гуногуни фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва маданӣ гардидааст. Дар меҳвари фаъолиятҳо ва барномарезиҳои рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд ҳамеша беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии инсонӣ қарор доштааст ва барои пиёда кардани пружаҳои сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ инсон аз ирода ва неруи илму хирад истифода кардааст. Ба ин тартиб,…
Яке аз масоиле, ки гоҳ-гоҳе мавриди баҳс қарор мегирад, ин муносибати дин ва ахлоқ будааст. Аксар аз нафарони боварманд гумон меварзанд, асли дин ва ахлоқ якест ва ҳеҷ як ахлоқ бидуни дин вуҷуд дошта наметавонад. Ин динҳоянд, ки таъинкунандаи меъёрҳои ахлоқианд. Агар ба зоҳири масъала таваҷҷуҳ намоӣ, шояд ба онҳо метавон розӣ шуд, ки ахлоқ бо дин ҳамбастагӣ дорад. Аммо гоҳе ба назари таҳқиқ ба масъала таваҷҷуҳ менамоӣ, чунин нест. Дин ва ахлоқ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамабастагӣ доранд вале онҳо комилан як чиз нестанд. Аз лиҳози пайдоиш аксари муҳақиқони улуми иҷтимоиву фарҳангшиносон ахлоқро қадимитар аз динҳо меҳисобанд. Яъне ишон муътақиданд,…
Таърихи инсоният саршор аз бархӯрдҳост. (Бархӯрд бо табиат, бо ҳайвонот, бо якдигар.) Ин бархӯрдҳо миллиардҳо қурбонӣ дар пай доштаанд. Барои мутобиқ шудан ба шароити кураи Замин ва ҳифзи бақои худ инсоният миллиардҳо ҷонро аз даст додааст. Ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Набард бо вируси “COVID-19” дар ин шабу рӯз аз ҷумлаи ҳамин бархӯрдҳо ва мутобиқшавиҳост. Замоне инсонҳо объекти шикори ҳайвоноти даранда буданд, вале саранҷом худ ба шикорчӣ табдил ёфтанд ва дар бархӯрд бо ҳайвонот баранда шуданд. Бархӯрди инсонҳо бо якдигар низ дар тули таърих ҷони миллиардҳо инсонро рабудааст, ки он сабабҳои гуногун дорад.
Сешанбе, 01 Сентябри 2020 04:27

Сарвари муваффақ ва мардумӣ

Муаллиф:
Мардуми кишварамон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён дорад. Ин гуна муносибати самимона пеш аз ҳама натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободкорӣ ва беҳтарсозии зиндагии мардум мебошад.
Баъди пошхўрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар интиҳои асри ХХ миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки мардуми кишвар имрӯзҳо 29-солагии ин дастоварди бузурги таърихиро ҳамчун ҷашни муқаддастарини мардумӣ таҷлил мегирад. Истиқлолият волотарин, пурарзиштарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик ва давлату давлатдорӣ мебошад. Истиқлолият ва соҳибдавлатӣ ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.