JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Тоҷикистон 9 сентябри 2020 Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. Мардуми тоҷик 29 солгарди Истиқлолро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қайд хоҳад кард. Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин падидаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи пурсаодат аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва минбаъ ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашнӣ муқаддас ба ҳисоб меравад.
Душанбе, 24 Августи 2020 05:24

Шариат ва суннат дар баробари таҷаддуд

Муаллиф:
 Аъзам Раҳнаварди Зарёб (Адиби Афғонистон) (Гуфтугӯ бо Раҳнаварди Зарёб дар бораи сайри таҷаддуд дар Афғонистон. Гуфтугӯ аз Сируси Алинажод) Ҷунбиш ё наҳзати таҷаддуду таҷаддудхоҳӣ дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, ба вижа дар кишварҳои ҳавзаи форсизабон дергоҳест, ки мавриди бознигарии пажӯҳишгарон қарор гирифта, заминаҳои айнӣ ва зеҳнии он, побарҷоии суннатҳои мазҳабиву қабилавӣ ва хурофоту ҷаҳолат дар ақибмондагии ҷомеа, гузашта аз ин, иллатҳои нокомиву шитобзадагии таҷаддудхоҳон дар таҳаққуқи ормонҳои наҷиби хеш арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ” аз 26 декабри соли 2019 ба ҳифз намудани забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон, дӯст доштани он диққати алоҳидаро таъкид намуда, дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ чун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа гузоштаанд.
С начала 2020 года мировое сообщество живет в формате противодействия пандемии COVID-19 и по прогнозам специалистов дата выхода из эпидемиологического кризиса до конца этого года остаётся под вопросом. На борьбу с этой мировой эпидемиологической проблемой сегодня направлены огромные финансовые и человеческие ресурсы. ООН призывает государства мирового сообщества объединиться в борьбе против этого зла, забыть войны и конфликты, проявить милосердие и снять экономические санкции одних государств против других государств. Всемирная угроза здоровью человечества поменяла многие правила поведения людей, как в экономической так и в социальной - культурной сферах в планетарном масштабе. Однако, как мы видим, что не меняются правила геополитических игр.…
Тавре маълум, асоси тамоми соҳаҳои муносибати иҷтимоиро равобити иқтисодӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рў пешбурди равобити иқтисодӣ бо Фаронса, ки дорои иқтидори бузурги сармоягузорӣ, технологияи рақамӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи саноатӣ-истеҳсолӣ мебошад, барои кишвари мо аҳамияти махсусро доро аст.