JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Муқаддима Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад дар тани инсон ҷавшан гуфтаанд, аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал ҳама мушкилоти гетиро ҳал кардаанд, аммо ҷойи тааҷҷубу таассуф аст, баъди ҳазору чанд сол, ки инсоният ба асри бистум – асри пуршўру пуровозаи инқилобҳои илмию фикрӣ ва оғози асри бистуякум – асри инқилобҳои технологию техникӣ расид ва мо шоҳиди он будем, ки инсони донишпажӯҳ на танҳо нақши пояшро дар рўйи Моҳ ба ёдгор гузошт, балки сафинаҳои худкорашро ба моварои мадори Зуҳал фиристода, ҳатто аз ҳудуди манзумаи Офтоб ҳам берун баровард…
Наврӯзи имсолаи Ватан бо суханронии таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2020 оғоз гардид. Ба назари мо, мазмуну мӯҳтавои ин суханронии Сарвари давлат, бешубҳа, ҳамчун самти стратегияи миллӣ оид ба ташаккул ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дар ҷомеа пазируфта шуд. Чуноне ки Президенти мамлакат зимни суханрониашон барҳақ зикр намуданд, “асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
 Наврӯзро ба арсаи таърих хидмат аст, Умраш баробари қидами умри миллат аст, Мероси боасолати деринаҳикмат аст, Пайғоми аҳли донишу илму фазилат аст,
Таърихи миллӣ ва башарӣ собит кардааст, ки ҷомеаи тавонманд давлати неруманд месозад ва дар раъси қудрат ва тавоноиҳои миллию башарӣ, ки ба вуҷуд ва ҳузури давлатҳои мустақил сабаб мегарданд, хирад меистад. Ин аст, ки муҳаққиқон асл ва нишонии ҷомеаҳои мутамаддинро дар вуҷуди истиқлоли фикрӣ ва хиради ҷамъӣ арзёбӣ кардаанд. Гузашта аз ин, ташаккули истиқлолияти фикрию эҷодӣ, ки дар марҳилаи ибтидоӣ аз афроди ҷомеа буруз мекунад, роҳро барои сохтани фазою муҳитҳои солим ва бози иҷтимоӣ ҳамвор мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ташаккул ва рушди тафаккуру биниши дунявӣ, ки санги асоси ҷомеаи хирадмеҳвар шинохта шудааст, давлати дунявӣ ва мутаносибан, равиши зиндагии…
Муқаддима Ҳар фарҳанге дар ҷаҳон сарнавишти хоси худро доштааст. Мо чанд мулоҳизаи мухтасаре доир ба сарнавишти тамаддун ва фарҳанги тоҷикро ба хонандагони арҷманд пешкаш менамоем. Сарчашмаҳои ин баҳс аз маълумоти китобҳои ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои гуногун аст. Шеваи баргардон нисбат ба дигар навъҳои таълиф дар ин баҳс афзалият хоҳад дошт. Мо аз истилоҳоти печида ва душвори илмӣ дурӣ меҷӯем ва то ҳадди имкон ба забони возеҳу равшани мардум такя мекунем. Ангезаи ин иқдом ин буда, ки баъди истиқлоли сиёсии Тоҷикистони азиз мо аз сарчашмаҳои фаровони фарҳанги ҷаҳонӣ, аз ҷумла китобу рисолаҳо ва маводу маълумоти интернетӣ бархӯрдор гардидаем. Таҳиягарони ин…