JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Сентябри 2020 11:55

Бузургтар аз шахсияти таърихӣ

Муаллиф:
Яке аз хислатҳои наҷибу беназир ва инсонмеҳвару зиндагидӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ин марди хирад, сиёсатмадори оқил ва роҳбари дурандеш зимни ҳар сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мардум суҳбати ошкорою рӯ ба рӯ баргузор намуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як сокини он воқиф мегарданд ва бо ҷавонону наврасон ва пирону калонсолонро шахсан аҳволпурсӣ менамоянд. Ҳамин хислатҳои ҳамида ва наҷиби Роҳбари давлат аст, ки меҳру муҳаббат ва садоқату самимияти ин сарвари борикбину нуктасанҷро дар замири мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой кардааст. Мардуми тоҷик, ки халқи заҳматкашу матинирода ва ростқавлу поквиҷдон аст, ҳар фарди некбину некандеш ва…
12 сентябри 2020 Тоҷикистон 5500 солагии Саразмро ҷашн мегирад. Бояд тазаккур дод, ки таҷлили ин ҷашн барои на танҳо тоҷикон ва мардуми ориёасл, балки кулли аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва геополитикӣ дорад. Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии "Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ"-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт.
Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад ва инчунинин дар арафаи муҳимтарин чорабинии сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлат садо баланд карда, ба тӯҳмату бӯҳтони навбатӣ дар нисбати Ватан ва ҳамиллатони худ даст мезананд. Хоинони Тоҷикистон, то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома медиҳанд.
Дар таърихи 11-уми октябри соли равон дар кишвари мо интихоботи навбатии президентӣ баргузор мегардад. Ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботии дохилу хориҷи мамлакат барои дар сатҳи баланд ва бо назардоштҳои муқаррароти ҳуқуқии байналмилалӣ, принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва талаботи конститутсонии кишвар доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода карда мешаванд. Он рӯз дари тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ шаҳрвандоне, ки тибқи қонун ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, метавонанд ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ раъй диҳанд. Ҷараёни баргузории интихоботро садҳо нозири байналмилалӣ ва дохилӣ мушоҳида менамоянд.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид. Давраи нав, яъне замони соҳибистиқлолӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт. Хушбахтона, дар оғози замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии мардуми шарифамон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд.