JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароиро мавриди таҳлил қарор додааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки паҳлӯҳои гуногуни ин масъаларо шарҳу баён намояд. Ба андешаи муаллиф, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ хусусияти табиӣ дошта аз давлату миллатҳо ва одамон вобастагӣ надорад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кишвару миллатҳо таъсири худро расонида метавонад ва ин падида имрӯз бояд боиси таҳлилу таҳқиқи ҷиддӣ қарор ёбад.
Душанбе, 13 Июли 2020 09:24

Рози шод зистан (2)

Муаллиф:
Намунаи “Ман ҳамеша ҷо мемонам”. Маънояш ин аст, ки мо ҳамеша, чи дар мавқеи тавлид, чи дар шурӯъи мадраса, чи дар тиҷорат ва чи дар рафтан ба таътилот ё хеле дер мерасем ва ё хеле зуд. Ҳамеша дар вақти нодуруст дар ҷои дуруст будан. Ҳамчунин истеъдоди хуб ва муаллими бад доштан ё муаллими хуб ва истеъдоди бад доштан ва ё фоқиди ҳарду будан (надоштани ҳарду).
Маълум аст, ки бемории коронавируси COVID-19 дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаи муҳими баҳсу баррасӣ дар равобит ва ҳамкориҳои миёни кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир таҳлилгарону коршиносон вазъияти имрўза ва ояндаи сайёраро ҳамчун тартиботи нави ҷаҳонӣ ва идоранамоии афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ менамоянд. Зеро хурўҷ ва бо суръати баланд паҳн шудани коронавируси COVID-19 бори дигар собит сохт, ки илми башарӣ ҳанўз ҳам дар бартараф кардани хатароту мушкилот оҷиз аст.
Дар ин матлаб аз кору пайкори шахсе маълумот медиҳем, ки хотираи некаш дар ёдҳо абадӣ мемонад. Ин инсони шариф, марди хоксор ва табиби ҳозиқу наҷотбахши ҷони ҳазорон дардмандон Раҷабов Ватаншо Шоҳевич мебошад. Фаъолияти меҳнатии Ватаншо Раҷабов, ҷонбозиҳои ӯ барои наҷоти ҷони дигарон ва сифатҳои шахсии инсониаш ибратомӯз мебошанд. Ба ин хотир, лозим аст, ки дар бораи кору пайкор ва ҷаҳду талошҳои ин табиби ҳозиқ ва ҷонбахши беморон дигарон бояд бештар донанд. Бояд ҳамагон дониста бошанд, ки модар тоҷик фарзандоне дорад, ки аз баҳри ҷони хеш гузашта, ба дигарон ҷон мебахшанд ва дарди беморонро чун дарди худ қабул карда, тамоми донишу…
Чоршанбе, 08 Июли 2020 07:54

Ваҳдати миллӣ – асоси рушди илм

Муаллиф:
Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон…