JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Асри XXI, ки асри илму технология аст ва тасаввур кардани ҷамъияти имрӯза бидуни интернет ғайриимкон аст. Қуввае нест, ки боиси монеаи пешрафт ва инноватсияи интернет гардад, зеро ки дар шароити имрӯза он яке аз талаботҳои асосии ҷамъият ба шумор меравад. Мо наметавонем ба муқобили интернет баромад кунем ва онро ҳамчун зуҳуроти манфӣ маънидод намоем. Ин ҳам мисли дигар ихтирооту кашфиёти инсоният аст, ки истифодаи он аз худи инсон вобастагии зич дорад, зеро интернет маҳсули дасти инсон аст ва ба кадом оқибатҳо овардани он низ аз инсонҳо вобастагӣ доред. Далели ин гуфтаҳо ихтирои атом мисол шуда метавонад, ки Алберт Эйнштейн онро…
Санаи 24 ноябри 2020 нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия баргузор гашт. Федератсияи Россия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд ва инчунин ин давлат шарики асосии тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурии мо аст. Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва ҳарбӣ-техникӣ низ байни кишварҳои мо фаъолона ба роҳ монда шудааст. Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар давоми сафари худ бо роҳбарияти олии Федератсияи Россия мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
“Парчами миллӣ” яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Мусаллам аст, ки Рӯзи ҷаҳонии фалсафа аз сӯйи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО панҷшанбеи севуми моҳи ноябри ҳар сол муқаррар гардидааст. Нахустин маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар таърихи 21 ноябри соли 2002 иттифоқ афтодааст. Дар аксари кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севум ва ё охири моҳи ноябри сол таҷлил мегардад ва дар ин рӯз, ғолибан гузоришу суҳбатҳои файласуфони шинохта мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор мегиранд. Дар Фаронса баъзан се рӯзро барои таҷлили ин Рӯзи ҷаҳонӣ ихтисос медиҳанд ва дар доираи чорабиниҳои фалсафӣ баҳсу мунозироти фалсафӣ бо ҳузури фаъоли занону бонувони файласуфи фаронсавӣ доир мегардад. Дар мамолики пасошӯравӣ суннати таҷлили Рӯзи…