JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чуноне ки дар ҷусторҳои пешин қайд карда шуд, ҷаҳон саршор аз мубориза, муқовимат, рақобат ва хатарҳост. Кишварҳо барои дастрасии бештар ба манбаъҳои маҳдуди кураи Замин бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Ин рақобат ба ҷомеаҳое саодат меорад ва ҷомеаҳоеро варшикаста месозад. Ақидаи ҷаҳони якҳукуматӣ ва якфарҳангӣ як назари утопиявӣ буда, ҳеҷ гоҳ амалӣ нашудааст ва нахоҳад шуд. Бо вуҷуди он ки кишварҳои ҷаҳон дар 70 соли охир бо ҳамдигар ҳамкориҳо ва ҳамдигарфаҳмиҳои бештар доранд, вале қонуни ҳаётро касе иваз накардааст. Ҳамоно инсонҳо дар пайи дастрасии бештар ба захираҳои табиӣ, дастёбӣ ба қудрат, ҳайсият ва шӯҳрат бо ҳамдигар мубориза мебаранд. Ин муборизаҳо дар…
Мо дар навиштаҳои пешин бобати он ҷанбаҳои иҷтимоию равонишинохтии хурофа, омилҳо, сабабҳо ва мондагории ин падида баъзе аз таҳлилҳоро ироа дошта будем. Тавре зикр гардида буд, хурофаю хурофазадагӣ аз нодониву тарс дар баробари ҳаводиси табиию иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва бештаре аз афкори хурофӣ ба даврони бомдоди рӯзгори башар мансубанд, ки онҳо дар баробари ҳаводис бофтаҳо ва хаёлоти хешро ироа намуда, вазъиятҳои инсонӣ ва ҳолатҳои равонии онро бар сари ҳодиса ва воқеиёт таҳмил намудаанд. Аз ин бармеояд, ки як даврони дарозе аз таърихи инсоният пур аз бинишҳо ва боварҳои хурофотӣ будааст. Ҷомеаҳои куҳан ва суннатии башар пур аз афкори хурофотие…
Чоршанбе, 24 Феврали 2021 05:46

Дунявият ва воқеият

Муаллиф:
Инсоният аз қадимулайём дар орзуи як давлат ва ҷомеаи ормонӣ будааст, ки дар он озодона, бидуни зулму истисмор ва орӣ аз такаллуфу таоруф зиндагӣ кунад. Маҳз ҳамин орзу ва омоли инсонӣ дар бовару асотир, эътиқоду бовардошт, дину мазҳаб, сиёсату иҷтимоъ, адабиёту фалсафа ва фарҳангу маънавиёт инъикос ёфта, боиси ба вуҷуд омадани тарҳҳои ормонӣ гардидааст. Ба ин минвол дар қолаби фикрию маънавии ҷомеаҳо модели давлат ва ҷомеаи ормонӣ тарҳрезӣ гардид ва дар соири илму адаб ва ҳунарҳо таҷассум ёфт. Ғараз ва ҳадаф аз ба вуҷуд овардани тарҳҳои фикрии ҷомеаи ормонӣ ҳамзистӣ ва иттиҳоди мардумӣ будааст. Мардум дар ҳамаи давру замон ба…
 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Ҷамолиддин Саидзода) Адабиётшинос ва андешаманди муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 69 қадам ниҳоданд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурўъ намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу…
Чоршанбе, 10 Феврали 2021 12:00

Паёми дурнамои рушди кишвар

Муаллиф:
Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода, зикр карданд, ки ин сол барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо, яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.