JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо…
Чоршанбе, 20 Январи 2021 05:40

Мафкураи миллӣ ва давлатдории дунявӣ

Муаллиф:
Мафкура ё ба истилоҳ, идеология маҷмӯи хоҳишу майлҳо ва тасаввуроти инсон аст, ки дар қолаби мушаххас рехта ва аз тариқи барномаи муайяни ҳадафманд роҳандозӣ мешавад. Албатта, идеология ҳадаф дорад ва ҳадафаш ҳам дар бозрасӣ ва бозбиниҳои арзишҳои марзӣ, миллӣ ва мардумӣ зоҳир мегардад. Бар илова, таъйини аҳдоф ва матраҳ намудани масоили зарурии ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ба рифоҳи иҷтимоӣ ва истиқлолияти сиёсию давлатӣ сабаб мегарданд, минҳайси муқаррароти мафкура ё идеологияи миллӣ хидмат мекунанд. Ба таъбири дигар, идеология қутбнамои давлатӣ, сиёсӣ ва миллист, ки тавассути он пайроҳаи ташаккулу инкишофи давлат ва миллат ҳамвор карда мешавад. Давлат ва миллати…
 Нақши созмонҳову муассисаҳо аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таҳкими равобити кишварҳо хело муҳим арзёбӣ мешавад. Инҷо зарур донистем, то назари таҳлилии мутахассисони соҳаро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Андре Хантке мутахассис дар равобити байналмилалии Донишгоҳи Нотингам Нигбои Чин баррасиҳояшро оиди пайвастани кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баён кардааст, ки метавон онро мавриди омӯзиш қарор дод. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълони ҳамоиши соли 2016 дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон, сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кишварҳои Ҳиндустон ва Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмон дар соли 2017 пазируфтанд.
Чоршанбе, 06 Январи 2021 04:36

Нодонӣ, ҷаҳл, таассуб...

Муаллиф:
Гоҳо инсон сахт шигифтзада мешавад, ки мо дар кадомин қарн ва кадомин навъи ҷомеа ба сар мебарем. Хурофазадагиву таассубандешӣ то ҳаддест, ки ҳеҷ бовар кардан намешавад, бо мардум ва ҷомеае ба сар мебарӣ, ки онҳо дар қарни 21 зиндагӣ доранд. Аз ҳамаи дастовардҳо ва фанновариҳои илмӣ истифода менамоянд, аммо он қадар таассубзадаву хурофотиянд, ки ҳатто таҳаммули одитарин назари илмиро надоранд. Он қадар таассубзадаву хурофотиянд, ки гумон мекунанд, ҷуз боварҳояшон ҳақиқате вуҷуд надорад.
Вазъияти дар кишварҳои арабӣ бавуҷудомада бозгӯкунандаи он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тавсеа додани манфиатҳои хеш дину мазҳабро ҳамчун як василаи сиёсӣ истифода намуда, пайравони мазоҳиби исломиро дар мухолифи ҳам қарор медиҳанд. Мусаллам аст, ки дар давоми дусад соли охир ҳамеша қудратҳои сиёсӣ барои тавсеаи манфиатҳои хеш бо истифода аз сиёсикунонии ислом, ихтилофҳои мазҳабию диниро роҳандозӣ карда, даҳҳо ҷараёну равияҳои навини ифротиро дар ин кишварҳо ба вуҷуд оварданд. Бояд қайд кард, ки дар муқаррароти динӣ арзишҳо муқаддас ва тағйирнопазиранд. Ҳол он ки ҷомеаи инсонӣ ва табиати инсон ҳамеша дар ҳоли дигаршавӣ ва тағийрот қарор дорад. Аз ҳамин ҷо тазод байни…