JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Муносибати муътадил ва ҳасана дар хамаи давру замонҳо бар асари таҳаққуқ пайдо кардани фарҳанг дар умури иҷтимоӣ имконпазир буда, маҳз фароҳам овардани имконоти фарҳангӣ боиси ҳаллу фасли мушкилоту дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва равонӣ гардидааст. Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад (ниг.:Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкими он.…
Ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар сафҳаи таърих сабт шудааст, ки яке аз масъалаҳои асосии дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида, ба Ватан бозгардонидани фирориёни иҷбории тоҷик аз кишварҳои дуру наздик, хусусан Афғонистон буд. Дар мақолаи мазкур кӯшиш кардам, ки ба ҳайси яке аз иштирокчиёни ҷараёни бозгардонии фирориёни иҷбории тоҷик аз Кампи Сахии Афғонистон соли 1993 дар ҳайати аввалин Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе хотираҳои хешро ба риштаи таҳрир дарорам. Он солҳо, банда афсари мақомоти амнияти кишвар будам. Бо сабаби мушкилии вазъияти сиёсӣ – низомии Тоҷикистон ва Афғонистон, носуботиву ноамниҳо дар ин кишварҳо,…
 Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту чор сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.
Мардуми форсу тоҷик аз қадимтарин даврон ормони сохтани давлат ва ҷомеаи бозу солимро, ки бар мабнои донишу хирад ва меҳру отифат устувор мегардад, дар дил мепарварид. Ормонҳои бостонии миллӣ дар заминаи сохтмони давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ дар бовару асотири қадима инъикос ёфтаанд. Бар ин маъно устураҳои дерина ва дерпойи Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кова, Соми Наримон, Золи Зар, Рустам, Сиёвуш ва амсоли инҳо бозгӯкунандаи ормонҳои миллӣ дар заминаи давлатсозӣ ва ҷомеаофарии дунявӣ мебошанд. Ҳанӯз дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ симои шахсиятҳое, ки барои дунявият ва тарзи мудирияту ҳамзистии дунявӣ талош варзидаанд, меҳварӣ буда, онҳо ба унвони улгӯ васфу ситоиш шудаанд. Бавижа,…
Центральная Азия в настоящее время переживает комплекс трансформаций в политической, экономической и общественно-духовной жизни. Фаза налаживания и перестраивания отношений между республиками ЦА уже пройдена, что подчеркивалась во многих встречах на высшем уровне, в научных и деловых кругах. Пограничная проблема, также отчасти между несколькими странами региона также нашла своё решение и они находятся в заключительном этапе решения данного вопроса. Осталось решить проблему демаркации и делимитации границ между Киргизией и её соседями Таджикистаном и Узбекистаном.