JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
МАҚОЛАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА «Zani dirūza va zani imrūza», КИ СОЛИ 1938 ЧОП ШУДААСТ Дар асл гирдоварӣ ва нашри матнҳои фолклори тоҷикон дар охири солҳои бистум ва сиюми садаи ХХ оғоз шуд. Дар он замон фолклоршиносони касбӣ вуҷуд надоштанд ва рисолаҳои илмӣ низ роҷеъ ба матнҳои фолклорӣ таълиф нашуда буданд. Фақат дӯстдорони фарҳанги мардумӣ, ба монанди устод М.Турсунзода, оид ба баъзе масъалаҳои доғе, ки дар матнҳои фолклорӣ низ инъикос ёфтааст, дар мақолаҳои ҷудогона назари худро баён менамуданд. Мақолаи М.Турсунзода «Зани дирӯза ва зани имрӯза» («Zani dirūza va zani imrūza»), ки соли 1938 дар шумораи №3, дар маҷаллаи «Шарқи сурх» чоп шудааст,…
Ҷумъа, 07 Майи 2021 04:19

Иди зафар муборак!

Муаллиф:
Имсол 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд. Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои…
Сешанбе, 27 Апрели 2021 06:25

Хурофот ва сиёсат

Муаллиф:
Агарчи решаҳои хурофот нодонӣ дар баробари ҳаводис ва тарси вуҷудӣ дар баробари онҳо бошад ҳам, вале дар зинаҳои баъдии ташккулёбии инсонҳо шаклгирии ҷомеаи табақотӣ, ба вуҷуд омадани давлат ба ҳайси як ниҳоди асосии идоракунии иҷтимоӣ аз хурофот ва боварҳои хурофӣ суистифода гардидааст. Аксаран дар ҷомеаи табақотӣ нафароне, ки идораи иҷтимоӣ дар дасташон буд, ҳамеша кӯшиш мекарданд, худро дар баробари боқимондаи мардум бартар нишон диҳанд ва ҷиҳати ин ки ин бартарият дар чашми мардум ба тарзи муъҷизаосо ифода ёбад, ниёзе доштаанд, ба мубалиғон ва тафсиргароне, ки вуҷуд, ҳолат, вазъият ва истеъдоди онҳоро фарозаминӣ баён созад.
 1.Чаро буҳрон? Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз гирифтори буҳрони (кризиси) шидид аст. Ин буҳрони куллӣ ва умумӣ аст. Мо дар ин мақола танҳо дар мисоли оиладорӣ доманаи густурдаи ин буҳронро арзёбӣ менамоем. Оиладорӣ ҷузъи кӯчак, вале хеле муҳими ин буҳрони ҳамагонӣ аст. Решаи ин буҳрони ҷаҳонӣ дар куҷост? Бо як ҷумла бояд гуфт, ки решаи ин буҳрон дар таассуб ва пешрафти техника аст.Барои таассуб ва техника ақлу хирад ва гуманизм аҳамияте надорад. Дақиқтар: Имрӯз ҷаҳонро фанатизми (таассуби) динӣ, нажодӣ ва идеологӣ фаро гирифтааст. Ин таассуб дар гузашта ҳам вуҷуд дошт. Вале роҳҳои амалӣ шуданашон маҳдуд буд. Маҳдуд дар сатҳи як миллат, як…
Омӯхтани мероси гаронмояи гузашта ва андӯхтани таҷрибаю собиқа дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андеша ва маънавиёти миллату халқият нақши асосӣ дорад. Таърихи андеша, ҳунар ва фарҳанги башарӣ собит намудааст, ки бинишҳои устуравӣ, ойинҳои динию мазҳабӣ, қолабҳои тафаккурӣ, моделҳои ҷомеашинохтӣ, мактабҳои фикрӣ ва ҳавзаҳои илмӣ дар асоси омӯзиши дақиқи осори пешин, андӯхтани таҷриба ва мушоҳидаҳои амиқ рӯйи кор омадаанд. Ҳамин гуна таҷрибаро метавон дар самти фарҳанг ва ҳунар низ, ки аз қадимулайём олами тафаккуру тахайюли инсонро бою ғанӣ гардонидааст, ба хубӣ мушоҳида кард. Ҳадаф аз навиштани матлаби мухтасар ва овардани муқаддимаи кӯтоҳ дар заминаи омӯзишу андӯзиши мероси гузашта ва таҷриботи ҳунарӣ…