JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Рушди илму техника танҳо дар ҷомеаи осудаву ором имконпазир мебошад. Хушбахтона дар кишвари мо ҳама шароитҳо барои таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ аз ҷумла барои духтарону бонувон фароҳам оварда шудааст. Ин буд, ки шурӯъ аз санаи 17 то 20 августи соли ҷорӣ дар шаҳри зебоманзари Гулистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии "Нақши занон-олимон дар рушди илм, инноватсия ва технология", ки аз ҷониби клуби "Хонуми ядроӣ" -и назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Амнияти Аврупо ва роҳбарияти Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ баргузор гардид.
Мусаллам аст, ки як роҳи бурунрафт аз мушкилоти зеҳнию фикрӣ, тамоюли кӯрзавқию безавқӣ, заъфи гироишоти миллӣ ва билохира буҳронҳои ҳувиятӣ ҳадафмандона барномарезӣ ва роҳандозӣ намудани маҳфилу нишастҳо, базму маъракаҳо ва озмуну фестивалҳо мебошад. Махсусан, бо ҳузури васеи ҷомеа ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ давра ба давра ва марҳила ба марҳила гузаронидани маҳфилу озмунҳои фарҳангию ҳунарӣ раванди завқписандӣ, зебоишиносӣ, худогоҳӣ, фазилатмандӣ ва ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, роҳро барои расидан ба қуллаҳои баланди мурод – бунёду сохтмони давлати миллию дунявӣ ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳамвор месозад. Дар зимн, баланд бардоштани сатҳи завқу салиқаи бадеӣ-эстетикӣ, арҷгузорӣ ба мероси фолклорӣ-этнографӣ, эҳёи суннатҳои маҳаллию мардумӣ…
Душанбе, 30 Августи 2021 06:56

Афғонистон дар дуроҳаи интихоб

Муаллиф:
 (гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили “Гуфтугӯйи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмон бо ҳузури шоир, сиёсатмадор ва равшанфикри миллии минтақа, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон устод Латифи Пидром) Рӯзи 28-уми август маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” баргузор гардид. Гузоришгари маҳфил шоир ва сиёсатмадори Афғонистон Латифи Пидром зимни суҳбати ҷолиби ихтисосӣ дар бораи буҳронҳои сиёсию мафкуравӣ, таркибҳои иҷтимоӣ ва ихтилофоти қабилаӣ, омилҳои суқути манотиқ, тасаллути Толибон бар мамлакат, таъсири авомили хориҷӣ дар рӯйи кор омадани режими ифротӣ, кайфияти равандҳои сиёсӣ, ҳалли мусолиматомези қазоёи минтақаӣ ва ояндаи ҳукуматдории толибонӣ сухан гуфт. Вай буҳрони кунунии кишварашро ба фасод ва фошизми ҳукумати Ашраф Ғанӣ рабт дод. Устод…
Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мусулмонӣ ва махсусан, Шарқи исломӣ, коргардонони бозиҳои геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ бештар аз ҳассосиятҳои динию мазҳабӣ кор гирифта ва мегиранд. Тавре ки ба назар мерасад, дар шароити феълӣ истифода аз таассуби мазҳабӣ минҳайси мафкураи фарогир бештар таҳаққуқ пайдо кардааст. Таърихи бозиҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои геополитикие, ки бар мабнои исломи сиёсӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонӣ ҷур шудаанд, баёнгари он аст, ки аз нимаи дуюми асри нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода ва сӯъистифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои вақти ҷаҳонӣ ба шумор мерафтааст. Минбаъд сӯъистифодаи дин…
Ҷумъа, 20 Августи 2021 05:08

Зарурати худшиносии миллӣ

Муаллиф:
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии ин сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сарфарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Ба ибораи дигар, ҳифз кардан, омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем ва чунон ки имрӯз мебинем, мафҳумҳои истиқлол ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон…