JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Башар аз бомдоди зиндагӣ дар талоши бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар буда ҷиҳати дарёфти озодӣ ва таъмини баробарии иҷтимоӣ мубориза бурдаанд. Инсон аз замони шинохти манфиатҳо чунин муборизаҳоро тақвият дода баҳри муаян намудани ҳуқуқҳои хеш ва ҳифзи онҳо ҳамеша роҳҳои мухталифро ҷустуҷӯ менамуданд. Дар роҳи расидан ба озодӣ ва дарёфти ҳуқуқҳое ки ба инсон имконият медиҳад, ҳамчун махлуқи боарзиш дар ин ҷаҳон зинадгӣ намояд, даҳҳо насли инсони қурбон гаштаанд. Барои башар осон муясар нагардида аст, то ҷомеаеро бисозад, ки дар он инсон меҳвари тамоми арзишҳо қарор гирифта, ҳуқуқҳои фитрии ӯ таъмин бошад. Илму хирад ва заковати инсонҳои озодихоҳ даст…
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Аз ин ба баъд марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар оғоз гардид. Конститутсия воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.
Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад. Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён…
Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз инсоният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор…
Инсонҳо бо баробари тавллид шудан соҳиби андеша ва тафаккур нестанд, тарзи андеша ва мафкураи ҳар инсон дар заминаи маънавиёти як ҷомеа ва тарзи тарбия рушд меёбад. Дар раванди ташакулёбии фард ва иҷтимоишавии он пеш аз ҳама таъсири тарбияти хонаводагӣ ва омӯзишу парвариш, таъсири аҳли ҷомеа ниҳоятан муҳим аст. Ҳеҷ инсон бо тавллиди хеш мутааллиқ ба арзишҳои хуб ё бад нест. Он дорои имконияти касби дониш, фарогирии маънавиёт ва рушди шахсияти хеш аст. Муҳим он аст ки ба фард ҷиҳати тарбият намудани он кадом навъи ғизои маънавӣ пешниҳод мегардад. Муҳити иҷтимоӣ ва махсусан маънавиёти тарзи андеша ва навъи бароварда кардани ниёзҳои…