JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Артиш дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва нигаҳбони давлат аз ҳуҷуми бегонагон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ба дастовардҳои назаррас дар кулли соҳаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ шарафёб гардад. Артиши миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳимтарини муташаккил буда, асоситарин пояи давлату миллати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин мақоми ҳарбӣ аз замони таъсис то ин ҷониб собит намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худ устуворона қадам мегзорад. Маҳз хидмати содиқонаи ҳомиёни кишвар аст, ки имрӯз мо сокинон ва шаҳрвандон дар фазои амну осоиш ва ваҳдати миллӣ кору фаъолият кишвар дорем. Нигоҳдории…
Пандемияи “COVID-19” ба ғайр аз гирифтани ҷони миллионҳо инсон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хисороти зиёди иқтисодӣ овард. Аз оғози вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин вабои аср маълум буд, ки моро мушкилоти иқтисодӣ низ дар пеш аст. Чунки чораҳои иҷбории гирифташуда дар баробари паҳншавии босуръати бемории мазкур ба даромади мардум, истеҳсоли маҳсулот ва интиқоли молу коло таъсири манфӣ мерасонд. Илова бар ин, аз меъёр зиёд шудани талабот ба молу маҳсулот дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соли 2021, боиси болоравии нархи аксари маҳсулот дар ҷаҳон гашт. Сар карда аз нархи нафт, ки нақши он дар арзиши аслии анқариб тамоми молу маҳсулот муассир аст. Халалдор…
 Накуйӣ расму роҳу пешаи мост, Хирад парвардаи андешаи мост. Зи беаслӣ мазан ҳарфе, ки Наврӯз Забону ҳарфу аслу решаи мост!
 Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад, Дар силсилаи русум асосӣ бошад, Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад, Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад, Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,
Дар замони муосир технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба авҷи тараққиёти худ расид, интернет ба ҳама қишрҳои ҷомеа дастрас гашта, сомонаҳои интернетӣ ба фазои озоди муоширату мубоҳиса табдил ёфтааст. Акнун муайян сохтани мавқеи ин падидаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа басо мушкил гаштааст. Ин аст, ки дар чанд даҳсолаи ахир соҳаи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ аҳмияти сиёсӣ пайдо намуда, дар соҳаи илм ба сифати як функсияи давлатӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд. Дар заминаи инкишофи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар олами сиёсии Ғарб мавзӯъи ниҳоят муҳим ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин мавзӯъ идоракунӣ бо ёрии иттилоот мебошад. Зеро имрӯз фазои иттилоотӣ…