JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Вақте ба таърихи пушти сар намудаи ду ҳазор соли охири мардуми сарзаминамон менигарем, хоҳем дарёфт, ки дар ин дарозои замонӣ сарзамини мо борҳо мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифтааст. Аммо ҳамаи онҳое, ки ба ин сарзамин ҳуҷум овардаанд, дар баробари таъсиргузориҳои хеш, таъсирпазириҳои зиёдеро низ аз миллату аз ин мардум доштанд. Иддае аз пажӯҳишгарон бар онанд, ки ҳар гоҳ пас аз 50 соли ба ин сарзамин ҳамлавар шудани бегонагон ва нобудию аз байн бурдани авомили фарҳангӣ дубора мардумони ин сарзамин дар рушд ба пояи олӣ расидаанд. Зеро ки тамоми васоили рушд чи аз назари истеъдоди мардум ва обу хоки ин сарзамин…
Ҷомеае, ки олами ҳастӣ, қонунмандиҳои равандҳои он ва мантиқи воқеиятро дуруст дарк мекунад, бидуни шак, барои ҳифзи бақо ва манфиатҳои худ имкони интихоби беҳтарин мавқеъгириро аз маҷмӯи гузинаҳои мавҷуда хоҳад дошт. Омили аслии такомул ва ё таназзули ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он нуҳуфтааст. Бо назардошти ин воқеият он чӣ нигаронкунанда аст, кайфият ва чигунагии ҷаҳонбинии имрӯзаи ҷомеаи мост. Мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ”-и сиёсатмадори варзида ва олими шинохтаи кишвар С.Ятимов, ки чанд рӯзе пеш аз матбуоти даврӣ мутолиа кардам, маҳз дар заминаи дарки ин воқеият ва шинохти вазъият эҷод шудааст. С.Ятимов дар ин мақола дар робита…
Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост, Ӯро на ниҳоят, на бидоят пайдост. Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост, К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.
Ба дасти ману туст некахтарӣ, Агар бад наҷӯем, некахтарем. Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ дар олами шеър бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиҳо медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».
Чоршанбе, 06 Апрели 2022 06:36

Ватан – дилҷамъию озодии мост

Муаллиф:
Ба ифтихори 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қайд бояд кард, ки соли 2022 барои халқи тоҷик соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Агар соле пеш, яъне соли 2021, мо 30 солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта бошем, пас имрȳз дар арафаи ҷашнгирии 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тавре медонем, Иҷлосияи мазкур дар таърихи мамлакатамон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз сабт гардидааст.