JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сентябрь 2021 года запомниться для всего таджикского народа, как обильный на торжественные события. Это еще раз свидетельствует о том, что политика нашего государства всегда была и останется миролюбивой. Так, 9 сентября 2021 года Республика Таджикистан отметила 30-летие дня Независимости. 16 сентября 2021 г. в г. Душанбе под председательством Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона, прошел очередной саммит глав государств - членов ОДКБ.
Зебоишиносии классикии олмонии охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX марҳалаи мураккаб ва зиддиятноки инкишофи афкори зебоишиносии ҷаҳон мебошад. Онро Кант, Гегел, Шеллинг ва дигар мутафаккирону нависандагон намояндагӣ намудаанд. Дар эҷодиёти онҳо, аз як тараф, баъзе нуктаҳои маорифпарварони олмонӣ қабул шуда инкишоф дода шудаанд. Аз тарафи дигар, классикони афкори зебоишиносии олмонӣ ҷиҳатҳои сусту заифи давраи Маорифпарвариро ошкор намуда, ғояҳои навро ба миён овардаанд. Онҳо принсипҳои нави методологиро дар таҳлили маданияти зебоишиносӣ коркард намуданд. Музаффарияти асосии зебоишиносии классикии олмон методи идеалистӣ мебошад.
Қиёми миллӣ дар чанд шаҳру вилояти Афғонистон, ки бар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва амири ҷавон Аҳмад Масъуд аст, оғоз гардид. Зеро аксарияти мардуми Афғонистон ба хуби дарк намудаанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дастгирӣ карда, метавонанд ҳуқуқу шарафи худу фарзандонашонро таъмин кунанд. Мардум ба гирдиҳамоии ҷонибдорӣ аз Ҷабҳаи муқовимат бо аксҳои сарвари ҷабҳа ва навиштаҷоти «Масъуд, мо бо туем!» ба кӯчаҳо баромаданд.
Сухан дар бораи ҳаводиси Афғонистон меравад. Шабонарӯзи гузашта дар ин мавзӯъ хабарҳои зиёде паҳн шуда буд. Яке аз онҳо суханронии Аҳмад Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон буд, ки дар он аз ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ дар ин кишвар сахан гуфта мешуд. Хабари дигар дар сомонаи шабакаи CNN буд, ки аз кушта шудани зани ҳомиладори 8-моҳа аз ҷониби Толибони ваҳшӣ хабар дода мешуд. Аз ин хабарҳо маълум аст, ки имрӯз дар ин кишвари ҷангзада ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ дар баробари ваҳшигариҳои асримиёнагӣ дар набард қарор дорад.
Дар натиҷаи таҳлили маводи сершумори илмӣ, сиёсӣ, низомӣ, иқтисодии чопию расонавӣ - интернетӣ муайян карда шуд, ки ахиран алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калидитарин технологияҳои “ҷангҳои омехта”, - “ҷангҳои иттилоотӣ” – и бесобиқа роҳандозӣ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур, чунин ишора карда буданд: