JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар сафҳаи таърих сабт шудааст, ки яке аз масъалаҳои асосии дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида, ба Ватан бозгардонидани фирориёни иҷбории тоҷик аз кишварҳои дуру наздик, хусусан Афғонистон буд. Дар мақолаи мазкур кӯшиш кардам, ки ба ҳайси яке аз иштирокчиёни ҷараёни бозгардонии фирориёни иҷбории тоҷик аз Кампи Сахии Афғонистон соли 1993 дар ҳайати аввалин Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе хотираҳои хешро ба риштаи таҳрир дарорам. Он солҳо, банда афсари мақомоти амнияти кишвар будам. Бо сабаби мушкилии вазъияти сиёсӣ – низомии Тоҷикистон ва Афғонистон, носуботиву ноамниҳо дар ин кишварҳо,…
 Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту чор сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.
Мардуми форсу тоҷик аз қадимтарин даврон ормони сохтани давлат ва ҷомеаи бозу солимро, ки бар мабнои донишу хирад ва меҳру отифат устувор мегардад, дар дил мепарварид. Ормонҳои бостонии миллӣ дар заминаи сохтмони давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ дар бовару асотири қадима инъикос ёфтаанд. Бар ин маъно устураҳои дерина ва дерпойи Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кова, Соми Наримон, Золи Зар, Рустам, Сиёвуш ва амсоли инҳо бозгӯкунандаи ормонҳои миллӣ дар заминаи давлатсозӣ ва ҷомеаофарии дунявӣ мебошанд. Ҳанӯз дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ симои шахсиятҳое, ки барои дунявият ва тарзи мудирияту ҳамзистии дунявӣ талош варзидаанд, меҳварӣ буда, онҳо ба унвони улгӯ васфу ситоиш шудаанд. Бавижа,…
Центральная Азия в настоящее время переживает комплекс трансформаций в политической, экономической и общественно-духовной жизни. Фаза налаживания и перестраивания отношений между республиками ЦА уже пройдена, что подчеркивалась во многих встречах на высшем уровне, в научных и деловых кругах. Пограничная проблема, также отчасти между несколькими странами региона также нашла своё решение и они находятся в заключительном этапе решения данного вопроса. Осталось решить проблему демаркации и делимитации границ между Киргизией и её соседями Таджикистаном и Узбекистаном.
Таърихан рағбат ба омӯзиши муносибати ташкилотҳои тартиботи хуқуқӣ ва ҷамъият ҳамеша дар мадди назари мутафаккирони Ғарб қарор дошт. Дар давраҳои гуногуни таҳаввулоти ҷамъият омӯзиши назарияҳои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, вобаста ба тағйирёбии сохти он шакл ва мазмуни нав мегирад. Бинобар ин ҳам ҳолати ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан дар назарияҳои файласуфони асри миёна ва давраи нав бо ҷузъиётҳои назариявӣ ва гоҳо куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин сабаб таҳлили таърихии фалсафӣ-иҷтимоии ин масъала нисбати ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва мубрам ба шумор меравад.