JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чунонки дар боло ишора шуд, на ҳамаи фаъолиятҳои инсон ба воситаи шуури ӯ танзим мешаванд. Як идда аз фаъолиятҳои инсон ба таври ғайрииродӣ мустақиман тавассути зершуур, ки дар он барномаҳо ва дастурамалҳои фитрӣ аз тариқи генҳо сабт шудаанд, танзим мегарданд. Масалан, фаъолияти дастгоҳи нафаскашӣ, низоми ҳаракати хун, инстинктҳову рефлексҳо, ниёзмандӣ ба хоб ва амсоли инҳо аз қабили фаъолиятҳои доимиву хеле муҳими ҳаётии инсон мебошанд, ки бидуни дахолати ақлу иродаи мо ба таври фитрӣ ва табиӣ мунтазам ва хеле дақиқ танзим мегарданд. Ин қабил фаъолиятҳои ба таври табиӣ барномарезишуда мутлақан таҳти таъсири омилҳои фитрӣ қарор дошта, дахолат дар танзими онҳо ба…
Панҷшанбе, 17 Июни 2021 06:18

Бонуи тоҷик дар Шабакаи ҷаҳонии CNN

Муаллиф:
Ҳар рӯз шабакаи телевизионии CNN-ро тамошо мекунам. Бегоҳ ҳатман ним соат ё зиёда аз он хабарҳои охиринро аз ин шабака дастрас мекунам. Ин шабака дар тамоми нуқоти ҷаҳон хабарнигорони худро дошта, барномаҳои хабарии хеле ҷолиби тахассусӣ ва босифатро пешкаши бинандагони худ мекунад. Аз тамошои ин барномаҳо хеле манфиат мегираму ба омодасозони он сипос мегӯям. Аммо намедонистам, ки дар омода сохтани барномаҳои сатҳи баланд, саҳми бонуи тоҷик, як хоҳари мо, низ ҳаст.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту – 2021 рӯзҳои 21-25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ театрҳои касбӣ бо намоишномаҳои озмунӣ иштирок карданд ва тайи як ҳафта ҳунармандон ва персонали театрию намоишӣ бо ҳам дар гуфтугӯ ва муколимаи эҷодию ҳирфаӣ буданд. Илова бар ин, ҳунармандон дар ду сол як маротиба дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии Парасту дидор тоза ва табодули таҷриба мекунанд, аз зиндагии эҷодии ҳамдигар огоҳӣ пайдо менамоянд, баҳсу мунозираҳои ҳирфаӣ анҷом медиҳанд ва бад-ин минвол дар рушди ҳунару фарҳанги театрӣ саҳм мегиранд. Гузашта аз ин, солҳост, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории Фестивал-озмуни…
Ростӣ, дар мавриди шахсиятҳои матраҳи иҷтимоию сиёсӣ, илмию адабӣ ва ҳунарию маданӣ, ки бар иловаи бузургӣ аз самимияту отифат, хоксорию назокат ва илтифоту одамияти баланде бархӯрдоранд, чизе арзандаю шоиста навиштан ва гуфтан кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, шинохти дурусти чеҳраҳои миллию фаромиллӣ ва дар айни замон муаррифии шоистаю боистаи афроди содиқ ба халқу миллат ва касбу ҳирфа, ки дар ҷомеа зиёд ҳам нестанд, вазифаю рисолати фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ аст. Иттифоқан, дар шароити имрӯзӣ, ки буҳронҳои ҳувиятию фикрӣ ва маданию ҳунарӣ бо суръати тамом дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонида, дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ як навъ ниҳодина мешаванд, аз тариқи…
Дар шароити кунунӣ бо назардошти суръати рӯзафзуни рушди ҷомеаи башарӣ ва мураккаб шудани муносибатҳои байналмилалӣ талоши давлатҳои абарқудрат барои дастёбӣ ба манотиқи аз лиҳози геосиёсӣ муҳими ҷаҳон, ки кишвари мо низ дар яке аз ин гуна минтақаҳо ҷойгир аст, беш аз пеш меафзояд. Ин давлатҳо ба хотири таъмини заминаҳои устувори рушди ояндаи хеш вазъи байналмилалиро амиқ омӯхта дар робита ба он сиёсати дохилӣ ва хориҷиашонро ҳамчун нақшаҳои оянданигаронаи илман асоснок матраҳ мекунанд. Дар воқеъ муҳимтарин омили пешрафт ва рушди устувори давлатҳои мутараққӣ аслан ба он марбут аст, ки дар ҷомеаҳои мазкур ба таври воқеӣ пайванди илм ва амалия ба вуҷуд…