JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ваҳдати миллӣ як амри муҳим, вале падидаи якрӯзаву чандрӯза нест. Он чун унсури муҳими бунёди давлати воқеан миллӣ раванди доимӣ ва дарозмуддат аст. Ин маънои онро дорад, ки ин раванди иҷтимоиро на танҳо ҳар сол дар як рӯз бузургдошт намуд, балки онро ҳамарӯза ва муттасил такмилу рушд бояд дод. Муддати мадиди таърихие низоми мардумсолорӣ (яъне демократи)и давлатҳои ғарбӣ барои миллату давлатҳо ва мамолики аз зеру силтаи системаи истеъморӣ бурунрафта чун улгӯ (модел) ё намунаи ибрат хизмат мекард. Ва дар ин раванд ҳанӯз ҳам барои ҳалли муваффақонаи бисёре аз масъалаҳо миллату дували дар ҳоли пешрафти Шарқ аз таҷрибаи низоми мардумсолории ғарбиҳо…
Ба истиқболи 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳими муттаҳидсозанда барои тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки ба дараҷаи тамаддуну фарҳанги миллат аз рӯи иштироки мардуми он, махсусан занон дар ҳаёти оилавӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, инчунин дар омӯхтану аз бар намудани мероси моддию маънавии халқ, бою ғанӣ гардонидани арзишҳои фарҳанги маънавӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Душанбе, 06 Июни 2022 04:52

Тарбияи ватандӯстӣ

Муаллиф:
Тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими мактаби муосир будаву ҳаст, зеро дар хонандагон ва ҷавонон давраи пурмаҳсул барои тарбияи муҳаббат ба Ватан эҳсос карда мешавад. Тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ташаккули тадриҷӣ ва устувории муҳаббати хонандагон ба Ватан фаҳмида мешавад, ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Хонандагон бояд ҳисси ифтихор ба ватан, мардуми худро эҳтиром ,дастовардҳои бузург ва саҳифаҳои шоистаи гузаштаро инкишоф диҳанд. Барои таълиму тарбия бисёр чиз лозим аст: нақши онро дар ин маврид набояд аз ҳад зиёд арзёбӣ кард. Мутаассифона, дар айни замон тарбияи ватандӯстӣ чӣ тавре ки мегӯянд, "ба ҳеҷ расидааст" яъне, амалан…
Дар масири ҳастии хеш инсоният ҳамчун мавҷудоти соҳибтафаккур ва офарандаи тамаддун, ҳамеша дар пайи офариниш ва рушди зеҳнӣ буда, ба воситаи омӯзиш, таҳқиқ ва татбиқи илм дар истеҳсолот тавонист дар баробари олами воқеӣ олами дигаре бо ном фазои маҷозӣ “virtual environment”[1]- офарад.
Имрӯз башарият дар замони ҳассос, зудтағйрёбанда ва мушкил қарор дорад, ки низому қонунҳои ягона барои зисту зиндагӣ ва муносибату муошират дар он муайян нест. Ин аст, ки ҳар замон дар заминаи ташаккули техналогия ва рушди тамаддуни инсонӣ зарурати такмилу тағйири арзишҳо ва муносибатҳо ба миён меояд. Оила яке аз иниститутҳое мебошад, ки арзиш ва анъанаҳои он решаи таърихӣ дошта, тули асрҳо ташаккул ёфтаанд. Аммо сохти ҷомеаи иттилоотӣ , ки дар заминаи ташаккули технология шакл гирифтааст, талаботҳои худро дорад ва бо назардошти ин талаботҳо мавқеи оиларо дар ҷомеа то рафт танг намуда, аризшу анъанаҳои онро тағйир медиҳад ва ё аз байн…