JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2015 дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ қайд карда буданд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад». Дар ҳақиқат ҳам, ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои миллии тозаистиқлол бо…
Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. Истиқлолият барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддие гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ монеаҳои зиёде эҷод кард. Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Инсони андешаманд дар раванди устувор кардани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносист. Ҳанӯз К. Маркс гуфта буд, ки «худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист».
Сухан воситаи муҳими муоширати байни одамон, табодули андешаҳо ва василаи пурзури таъсиррасонӣ ба шуур ва рафтору кирдори одамон мебошад. Чуноне, ки равоншиносон қайд мекунанд тахминан 15% - и муваффақиятҳои корӣ аз донишҳои касбӣ ва 85% - и он аз санъати муоширати инсонӣ вобаста аст. Ҳаёти сиёсӣ ва низоми идоракуниро бе маданияти муоширати касбӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Қобилияти сухангӯи ҷузъи маданияти шахс буда, сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии ӯро дар раванди муошират ифода менамояд.
Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 23 сол мегузарад. Ин давраест, ки ҷаҳон ба буҳрони умумӣ гирифтор шудааст. Шуури ҷамъиятӣ дар ҷаҳон ба ақидаи бисёр олимони Ғарбу Шарқ, ба шуури буҳронӣ табдил ёфтааст. Маъмулан ин буҳронҳо дар давраи аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани давлатҳо ва ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд меоянд ва боиси пайдоиши ҳар гуна эҳсоси хавфу хатар ва таназзули фикрии одамон мегарданд. Назарияҳое пайдо мешаванд, ки ҷараёни буҳронро аз мавқеъҳои гуногуни синфӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва ғайра шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ба ақидаи банда, буҳрони имрӯзаи ҷаҳонӣ аз фурӯпошии низоми сотсиалистӣ дар Аврупо…