Маълум аст, ки яке аз ҳадафҳои илму дониш бартараф кардани мушкилоти инсонҳо ва бароварда кардани умеду орзуҳои онҳо тариқи кашфиёту навоварӣ мебошад. Олимони воқеӣ ҳамеша мушкилоти мавҷударо пайгирӣ карда, роҳҳои ҳалли онҳоро меҷӯянд. Азбаски масъалаҳои мавриди омӯзиш метавонанд вақтталабу пурҳазина бошанд, ҳамкории пажуҳишгарон бо давлат ногузир аст. Илова бар ин, як давлати демократӣ низ ҳамон ҳадафҳои неки олимонро дунбол мекунад. Яъне хизмат ба шаҳрвандон ва ба саодат расонидани онҳо. Ба ин маъно, ҳамкории мутақобилан судманди давлат ва донишмандон имкон медиҳад, ки ҳадафҳои муштарак амалӣ карда шаванд ва сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон пайваста беҳтар гардад.