JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Ё СУХАНЕ ЧАНД ОИД БА ФАЛСАФАИ ИНСОНДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГИИ НАВРӮЗ Дар таърихи башарият расму ойинҳо ва анъанаҳо нақши муҳимро ифода менамуданд. Анъанаҳо ҳамчун ниҳодҳои иҷтимоии фаъолияти ҷомеа дар низоми танзими тарзи ҳаёти халқу миллатҳо нақши калидӣ мебозиданд. Анъанаҳо бо инкишофи ҷомеа ва метавон гуфт бо диалектикаи ҳаёт сахт алоқаманд будаанд. Мондагор будани ҷашну маросимҳо аз ду ҷанба дорои аҳаммият мебошад. Якум, расму оинҳо ва анъанаҳои мардумӣ ифодагари хотираи таърихии як халқ будааст, ки бо воситаи он мо имрӯз метавонем аз рӯзгори пешини миллати худ огоҳ шавем. Ҷанбаи дуюм он аст, ки анъанаҳои мардумӣ бо маънавиёти миллати мо алоқаманд буда, ҷузъи…
Ҳар халқу ҳар даври таърихи он шинохти вижаи худ аз мушахасоти табиат дорад ва он манзараи ба худ хоси ҷаҳони маърифати атрофро ба вуҷуд меорад. Дар ин миён ҳар гуна тағйиру такмил дар табиату дар таърих фарҳанги рангоранд ва мухталиф меофарад ва он салиқаи махсуси бардошт аз зиндагӣ ва эҳсоси мадоро дар вуҷуди шахсият тарбия менамояд. Қавми тоҷик, ки ба унвони яке аз мутамаддинтарин ақвоми ҷаҳон ва намояндаи бузургтарин ва қадимтарин тамаддуни қораи Авруосиё, ки дар илм чун тамаддуни ориёӣ эътироф шудааст, тайи таърихи чандҳазорсолаи ташаккули хеш шебу фарозҳои зиёдеро пушти сар намуда, фарҳангу тамаддуни вижаи бумиро офарида ва дар…
Имрӯз ба сарзамини мо қадами зиндагисози баҳори нозанин! - Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба кӯҳандиёри мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст, Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодати мулкамон бошад. Эмомалӣ Раҳмон Дар ҳақиқат таърих охири қарни 20 ба мо мардуми фидокору ҷонфидову тамаддунпарвару фарҳангсолори тоҷик неъмати бебаҳоеро бо номи Истиқлолият ато намуд. Бо шарофати ин тӯҳфаи нодири тақдирсоз мардуми сарбаланди тоҷик тавонист бори дигар аз минбарҳои баланди ҷаҳони мутамаддин овоз рӯшан намояд. Акнун заминаи муфиду мусоид барои эҳёи арзишҳои волои миллию мардумӣ, ки…
Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсузи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихору ва эҳсоси ватанпарастӣ аст ба вуҷуд оварда шудаанд.
Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мақоми Зан- Модар хеле олӣ мебошад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карданд, ки «Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Вақте Президенти мамлакат ба Зан-Модар чунин баҳои баланд дода бошанд, пас ҳамагонро месазад эҳтироми ин олиҳаи муҳаббату латофатро ба ҷо биоваранд. Чунин ибрози андеша намуд доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров вобаста ба Рӯзи Модар.