JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ба даст овардани сепаратсияи психологӣ аз волидайн яке аз вазифаҳои меҳварӣ дар инкишофи ҷавонон мебошад (R.Havighurst). Ҷомеаи муосири Тоҷикистон нисбат ба ҷавондухтарону ҷавонписарони баркамолшудаистода талаботҳои баланд мегузорад: махсусан, мустақилият, худтаъминкунии шахсият, инкишофи доимии худ, қобилияти мустақилона гузоштани мақсадҳои ҳаётӣ, «такя ба худ», интихоби озодона, қадр карда мешавад. Сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар давраи ҷавонӣ - ин раванди тағйир додани муносибат бо падару модар ба тарафи баробарҳуқуқии бештар аст. Раванди таҷдиди сохтори тамоми системаи оилавии оилаи волидайнӣ мебошад, ки боиси ноил шудан ба мустақилияти шахсӣ аз ҷониби писарон/духтарон дар қисматҳои маърифатӣ, аффективӣ ва рафторӣ мебошад; раванде, ки тағйироти худшиносии писарон/духтаронро дар…
 Ба муносибати Рўзи илми тоҷик, ки ҳамасола дар моҳи апрел дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад «Вазифаи илм – хидмат ба мардум аст» (Л.Н. Толстой) Ҷомеаи инсонӣ дар баробари пешрафти илму фановарӣ рушду инкишоф меёбад. Дастовардҳо ва кашфиёти олимон мавриди истифодаи башарият қарор мегиранд, ки он сабаби пешрафти ҷомеа ва некуаҳволии инсонҳо мегардад. Дар ҳар давру замон вазифаи илм дар ҷомеа ба амал овардани донишҳои илмӣ-назариявӣ буда, дастовардҳои он дар ҳаёт татбиқ мегардид.
Ҳамасола 15 апрел дар сатҳи академӣ (манзур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), доираҳои илмӣ ва ҳавзаҳои фаннии ҷумҳурӣ Рӯзи илм ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина, тайи як ҳафтаи ахир бо ҳузури фаъоли донишмандону пажуҳишгарони саршиноси ватанӣ дар марказу пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “ҳафтаи илм” баргузор гардида, 16 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ҷамъбасти он сурат гирифт. Ба ин тартиб, Рӯзи илми тоҷик 16 апрел дар фазои илмию маданӣ бо иштироки муҳаққиқону донишмандони ҷумҳурӣ ва раҳбарияти ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҳошияи Рӯзи илм ишораи чанд нуктаи иҷмолиро…
Сешанбе, 09 Апрели 2024 10:29

Урфӣ ва Айнӣ

Муаллиф:
Шероз, ки дарёи маонигуҳар аст, Якто гуҳараш Урфии соҳибназар аст. Урфӣ Агарчи дар асрҳои охир, ба вижа асри XVIII ва XIX, бо омадани шеъри гунгу печидаи Бедил, адабиёти мо ба “сакта ва таваққуф” гирифтор шуд ва эпидемияи (вабои) тақлиду пайравии кӯр-кӯрона ба осори ин адиби тоҷикзабони Ҳинд саросари Осиёи Миёнаро фаро гирифт, бедилгароӣ як навъ муд шуд, аммо, ба ҳар ҳол, ном ва осори бархе аз адибони миллии мо низ дар гӯшаю канори Мавороуннаҳр,ки дар қабзаи Манғитиён буд ва ба номи давлати Узбакия ба умри худ идома медод,ба чашм мерасад. Ба сухани дигар, дар қатори Бедилу Ҳофиз,ки осорашон ба хотири…
Шоҳ дар “Шоҳнома” танҳо ба маънои ҳоким нест, балки фаротар аз он ба маънои ҳаким аст. Бахусус, симои шоҳони пешдодӣ дар ин ҳамоса ба ҳамин маънӣ далолат мекунад. Афлотун ҳам дар китоби худ “Ҷумҳурият” аз бунёди мадинаи фозила суҳбат мекунад ва яке аз шартҳои бунёди ҷомеаи идеалӣ аз назари Афлотун ин буда, ки дар раъси қудрати он файласуф ё ҳаким қарор дошта бошад. Манзур аз файласуф ҳамон марди огоҳу доно аст. Дар ҳамосаи миллии оириётаборон низ маълумоте, ки дар бораи шоҳони пешдодӣ зикр шудааст, бар шартҳои Афлотун барои идораи ҷомеа мутобиқат дошта, балки фаротар аз он ҳаст. Аммо хираде, ки…
Саҳифа аз 1 то 128