JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Муҳоҷирати иҷборӣ барои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ зуҳуроти нав буда, ба вайроншавии робитаҳои иқтисодию сиёсии пештара алоқаманд аст, ки боиси зиёдшавии бекорӣ гардид. Аз ин раванд асосан ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли ҷамъият зарар диданд. Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар муҳити хуб афтода, муносибат байни кордиҳандаю муҳоҷир хуб бошад ва аз ҷониби давлати миллиаш дастгирӣ ёбад, он гоҳ вай барои ташаккули шуури солими миллӣ мусоидат менамояд. Дар акси ҳол ташаккулишуури миллӣ коста мегардад.
Албер Камю дар таърихи 7 уми ноябри соли 1913 дар хонаводаи фаронсавӣ-алҷазоирӣ ба дунё омадааст. Давраи кудакии А.Камю дар шароити душвори иқтисодӣ гузашт. Ӯ падарашро дар ҷанги аввали ҷаҳон аз даст дод. А.Камю соли 1923 дар донишгоҳи Алҷазоир дохил шуд. Барои таъмини хароҷоти таҳсил ва зиндагӣ ба ҳирфаҳо ва касбҳои гуногуне чун тадриси хусусӣ ру овард. Агарчи ӯро бештар тарафдори мактаби асолати вуҷуд (экзистенсиализм) медонанд, аммо ӯ худ ин иддаоро қабул надошт. А.Камю дар мақолае бо номи “Шуришӣ” навишт, ки тамоми зиндагиашро сарфи мубориза бо фалсафаи пучгароӣ (нигилизм) кардааст.
Номи расмӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон. Масоҳат – 357,021км2. мураббаъ, аҳолӣ – 82 800 000. млн нафар (2018). Таркиби миллӣ – олмониҳо (91,5%), туркҳо (2,4%), итолиёвиҳо (0,7%) ва дигарон (асосан зодагони Югославияи собиқ). Забони давлатӣ – олмонӣ. Дин – протестантҳо (38%), католикҳо (34%), мусулмонҳо (1,7%). Пойтахт – шаҳри Берлин. Баъзе аз муассисаҳои давлатӣ ҳанӯз дар шаҳри Бонн қарор доранд.
Сабаби навиштани ин мақола ин ба масхара кашидани мафҳуми “озодандешӣ” дар шароити имрӯза мебошад. Озодандешӣ ин бемасъулиятии бебанду бор ва бозӣ бо эҳсосҳои лаҳзаина набуда, балки масъулияти сангин дар назди ояндаи инсонҳо мебошад. На ҳар иқдоми “озодандешона” ба озодӣ мерасонад, балки метавонад ба бадтарин ғуломӣ расонад.Дарки ин маънӣ, ки дар поён ҳақиқаташро мекушоем бахусус барои озодандеш ва ё рӯшанфикри шарқӣ бисёр муҳим мебошад.
Панҷшанбе, 04 Апрели 2019 07:22

Фалсафаи тоҷик дар замони Шӯравӣ

Муаллиф:
Муаллиф: Беков Комилҷон (Комил Бекзода)-аспиранти шуъбаи фалсафаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон. Тарҷумони забони русӣ ва арабӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман (ҶАЯ.) дар солҳои 1969-1970. Барномаи муштараки зироатии СССР ва ҶАЯ, дар минтақаи Сурдуд, деҳаи Ал-Кадан, шаҳри Ҳудайда дар Ямани Шимолӣ. Номи рисола: Номи пурраи рисола чунин аст: “Табиати вуҷуд ё хотироти мутарҷим аз Яман”. Ҳаҷми рисола: Рисолаи мазкур дар ҳаҷми 26 саҳифаи дастнавис буда, бо ҳуруфоти арабӣ навишта шудааст. Дар дафтари талабагии ростхатта (забон), дорои нишонаи рамзии “Shebani”. Муқоваи дафтар ба ранги зарди баланд аст. Оғози таълифи рисола: 2-юми августи соли 1969, рӯзи шанбе, соати 10 ва 12…
Саҳифа аз 1 то 35