JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Адабиёти ҳар миллат ганҷинаест, ки аз махзани илҳоми шахсиятҳои боистеъдоди он берун омада, дар таҳрику рушди андешаву эҳсосоти онон хидмати бузург менамояд. Дар ин қаламрав ормону иродаи миллат ба воситаи офаринишҳои шоир ё нависанда дар сурати назм ё наср ба тарзи вежаву қоидаҳои махсус мухталиф баён мегардад. Аз ин лиҳоз бо такя ба назари Мартин Ҳайдеггер, ки «забон хонаи ҳастист», метавон афзуд, ки адабиёт низ маскани ҳастии миллат аст, зеро дар густураи он ормону орзуву андешаи ҳазорсолаи миллат бо каломи бадеу зебо ҳаккокӣ шудааст. Зуҳури ҳар гуна андешаи нав дар…
Истилоҳи «тасниф» ҳамчун жанри шеърие, ки бо оҳангу мусиқӣ суруда шуда, аксаран бар пояи вазни ҳиҷо танзим ва ё дар як шеър аз чанд вазни арӯзӣ кор гирифта шудааст, дар адабиёти хаттии форсӣ дар қарнҳои XVI-XVII ворид шудааст. Зеро бар хилофи шеъри классикӣ он на барои хос, балки барои ом эҷод мегардад, аз ин рӯ, ин жанри шеърӣ дар девону тазкираҳо сабт нагардида, муаллифонаш ағлаб низ номаълум мондаанд.
 Гашт ҳосили Шоҳин шавкати Фалотунӣ, Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд!
Мусалламан, рушди қавмиятҳо, миллиятҳо, халқиятҳо ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба кайфияти кори фикрии табақаҳои равшангари ҷомеа бастагӣ дошта ва дорад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон, кори фикриро, асосан дар ду тарз баррасӣ кардаанд: аввалан, бо роҳи истифода аз равишҳои равоншиносӣ, улуми зистӣ, бавижа асабшиносӣ, ки ҳадафаш шинохти мушаххасоти мағзи инсон аст ва сониян, тавассути таваҷҷуҳ ба корҳои фикрии афрод, коркардҳо ва натиҷаҳои иҷтимоии онҳо (ниг.:Аҳмадӣ Бобак. Кори равшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. –С.7). Албатта, кори равшанфикрӣ кори на як ё ду нафар, балки кори муназзами табақоти гуногуни фикрва маданӣ…
Саҳифа аз 1 то 8