JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 26 Майи 2022 08:24

Ҷойгоҳи антропология дар таснифоти Ибни Сино

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

  Ибни Сино, ки яке аз бузургтарин файласуфони машоияи шарқӣ ба ҳисоб меравад, дар тақсимбандии улум ҳамон принсипҳои Арастуиро риоят намуда, маҷмуи улуми ҳикматӣ ё фалсафиро ба ду тақсим мекунад: назарӣ ва амалӣ.

  Фалсафаи назарӣ масоили умумии ҳастӣ, ҷавҳари аввалияи ашёҳо ва равандҳоро баррасӣ менамояд. Фалсафи амалӣ бошад, бештар ба масоиле нигаронида шудааст, ки онҳо муатаалиқ ба инсон, табиати инсон, ҷойгоҳи инсон ва муҳимияти инсон дар ҷаҳонро мушаххас менамояд. Ба ин тариқ метавон тасдиқ намуд, ки дар низоми фалсафию илмии тақсимбандии илмҳо дар асри миёна масоили антропологӣ маҳз дар қисмати фалсафаи амалӣ баррасӣ гардидаанд. Махсусан масоили иҷтимоию сиёсӣ, моҳияти ахлоқии инсон, масоили хоҷагидорӣ ва зебоишиносӣ дар ҳамин қисмат баррасӣ мешаванд, ки робитаи бевосита ба инсон дошта, аз он маншаъ мегиранд. Дар маҷмӯъ, метавон чунин арзёбӣ намуд, ки дидгоҳи антропологии Ибни Сино дар ҷаҳонбинии фалсафии ӯ ва осораш ифода ёфта, тақсимбандӣ ё классификатсияи инҳо дар асарҳои “Донишнома”, “Фалсафаи машриқайн”, “Ишорот ва танбеҳот” зикр гардида, ҳамчунин як маҷмуае ихтисосие низ дар тақсимбандии улум бо номи «Дар ақсоми улуми ақлия тадвин кардааст».  Маҳз дар ҳамин китоб Ибни Сино  ҳикмати замони худашро  ба ҳикмати назариву амалӣ тақсим менамоя. Мақсади асосии ҳикмати назариро дар дарёфти ҳақиқат дониста, моҳияти фалсафаи амалиро ба самти ҳақиқат равона намудани маърифатро дар назар дорад. Яъне дар ин самт махсусан, фаъолиятҳои инсонӣ, ки ҷиҳати ба камол расонидани инсон ва ҷамбаҳои моҳияти ахлоқии инсонӣ метавонанд онро шоиставу хушбахт намоянд зикр гардидааст.

Субъекти асосии фалсафаи амалии Ибни Сино фард ҳисобида мешавад, ки он дар як вақт инсони мушаххас аст ва ҳамчунин ҳамчун маводи иҷтимоӣ дорои хусусияти иҷтимоӣ низ мебошад. Тавре Ибни Сино менигорад: “Инсон гоҳо фард аст ва гоҳо дар иҷтимоъ ва иҷтимоъ иборат аст аз аъзои оила ё ҳамзаминон. Аз ин рӯ ҳикмати амалӣ бар се қисмат аст: қисми аввал илм дар бораи идоракунии шаҳр, қисми дуюм илм дар бораи идоракунии хона ва қсими сеюм илм дар бораи идоракунии худ.[1]

Аз ин рӯ, Ибни Сино фалсафаи амалиро ба се қисми таркибӣ ҷудо менамояд, ки ҳар кадоме аз онҳо ҷиҳати сохтмони инсон ва ҷойгоҳу аҳамияти ӯ нигаронида шудаанд. Дар ин сурат ӯ гуфтори пешини худро тақвият медиҳад ва дар ҷойи аввал илми ахлоқро мегузорад ва онро “Таҳзиби ахлоқ” ном мебарад. Мутмаин аст, ки: «инсон бояд бидонад кадом навъи ахлоқ, кадом хислат ва кадом амалкардро зоҳир намояд то ин ки хушбахтиро дар зиндагии заминӣ ва куҳӣ ба даст орад»[2].. Дар ин радиф ӯ роҳнамои асосӣ китоби Аристотел «Ахлоқи Никомах»-ро пешниҳод менамояд.

Қисмати дуюми улуми амалиро донишманд ҳамчун илм дар идоракунии умури хона, яъне хоҷагидорӣ ном мебарад. Предмети ин илм хусусияти иҷтимоӣ дорад, ки дар он инсон бояд тавонад аз кадом навъи амалкард, роҳу равиш кор бигирад, то тавонад масоили зиндагиро ба низом дарорад, то ин ки тавонад ҳамгироиро ҳамроҳи ҳамсар, фарзандону тобеон дурусту оқилона  ба роҳ монад ва хушбахтиро ҳамроҳи онҳо ба даст дарорад. Дар ин маврид китобҳои зиёдеро тавсия медиҳад, аз ҷумла китоби «Арданиса» дар бораи тадбири манзил.

Қисмати сеюм ба улуми сиёсӣ бахшида шудааст, ки дар он тарзи идоракунии роҳбариро дар гурӯҳ, давлат ва дар маҷмӯъ ҷомеа баррасӣ менамояд. Маҳз барои расидан ба ин ҳадаф инсонро зарур аст: «Анвои гуногуни сиёсатро донад, асосҳои накукорӣ дар ҷомеа ва тарзи давлатдориро аз худ намояд то ин ки дар як они воҳид тавонад байни мадинаи фозила ва мадинаи ҷоҳила фарқ гузорад ва сабаби рушди он яке ва сабаби таназули дигареро баён карда тавонад».[3]

Дар ин қисмат ҳамчунин масоили расулият ва фарқи онон аз паёмбарони дурӯғин ва инчунин принсипҳои динӣ баҳс мекунад. Ибни Сино муътақид аст, ки китобҳои Афлотунун Арасту барои идораи умури сиёсӣ ҷавобгӯянд. (Дар ин ҷо ба назар мерасад, ки китобҳои Арасту “Сиёсат” ва китобҳои Афлотун “Қонунҳо” ва “Фароқонунҳо” ро дар назар дорад).

Қобили қайд аст, ки дар низоми фалсафии Ибни Сино инсон на танҳо дар доираи улуми амалӣ, балки дар доираи ҳикмати назарӣ низ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Илми аввале, ки ба назари Сино «Моро хабардор менамояд, ки чи гуна амал кард. Ин илми амалӣ аст ва манфиаташ дар он ифида меёбад, ки он ба мо таълим медиҳад, чи амалро мо бояд анҷом диҳем ва аз чи амале бипарҳезем. Чи сон кушиш ба харҷ бидиҳем, ки аъмоламонро дар ин дунё шоиставу босаодат ба роҳ монем, то дар дунёи дигар худамонро аз уқубат бираҳонем».[4] .

Илми дуюме ки  Ибни Сино онро қисмати назарӣ медонад, чунин шарҳ медиҳад, ки «моро аз вазъи чигунагии ҳастии чизҳо хабар медиҳад, то ин ки руҳи мо аз гирифтори растагор бишавад ва ба саодат он дунё бирасад». [5]

Ҳамчунин ӯ илмро бар се навъ тақсим менамояд:

  1. Илми уло. Яъне мовароутабиат ё метафизика.
  2. Илми васатӣ(мобайнӣ) – яъне математика.
  3. Илми поёнӣ –табииёт.

Аз ин се илми назарӣ наздиктарин аз онҳо, ки ба омӯзиши инсон метавонанд таъсиргузор бошанд, ин илми табииёт ба ҳисоб меравад. Зеро он дар худ фарогири нафс аст, ки он олами наботӣ оғоз гардида  таҳаввулӣ он дар олами ҳайвонию инсонӣ  омада мерасад ва ҳолатҳои гуногуни равониву ҷисмониро ифодагар аст. Он дар шакли нафси наботӣ, нафси ҳайвонӣ ва нафси нотиқа таҳаввул менамояд. Агар назарияи нафсро бо тақсимбандии улуми муосир муқоиса намоем он фарогири вазъиятҳои равонӣ буда, гоҳо масоили психологиро ифода мекунад ва гоҳо масоили дигарро. Аз ин бармеояд, ки назарияи нафс ҳам дар доираи улуми табиӣ ва ҳам дар доираи мантиқу метафизика чун илми мустақил мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Предмети омӯзиши илми уло ҳастии мутлақ аст ва ҳамчунин вазъиятҳои ҳастии мутлақ «...ки баромада аз худи ҳастӣ ва ҷузъи ҷудонашаванда ва вобастаи он ба ҳисоб рафта, ҳадафи он ба даст овардани ҳақиқат аст». Ҳамаи қисматҳои назарии фалсафа ба манзури Ибни Сино  теология, математика ва физика дар таркиби худ дар баробари улуми ҳақиқӣ ҳамчунин илмҳои ёридиҳандаву татбиқӣ ва гоҳо дар шакли ишороту танбеҳот баён мегарданд.

Манзури Ибни Сино аз метафизика он аст, ки ин илм ҷиҳати маърифати ҷавҳари рӯҳонӣ ва дарки Воҷибулвуҷуд, фиристодагонаш, хусусиятҳояш, ҳамчунин дунёи дигар, дар бобати поёнпазирии зиндагии инсонӣ, инчунин дар бораи ҷисм ва ақл баҳс намуда, роҳҳои шаффоф намудани рӯҳ ва расидан ба саодати осмониро пешниҳод менамояд.[6] .

Фалсафаи табиат низ ҳамчун метафизика дар навбати худ ба ду қисмати асосӣ тақсим мешавад. Ба улуми ҳақиқии табиӣ ва улуми татбиқии табиӣ. Ҳар кадоме аз онҳо ба якчанд қисмат тақсиманд. Илми табииёти ҳақиқӣ аз 8 қисмат иборат аст ва дар худ тамоми улуми табииро ба ҷуз аз илм дар бораи нафс фарогир аст. Улуми табиии татбиқӣ ё фалсафаи табиат аз 7 қисмат иборат аст, ки дар худ фарогири Нуҷум (астрономия), пизишкия (медицина), физиогномика, илм дар бораи тафсири хобҳо, тилисмот, найранҷот ва химия. Ҳамаи улуми номбурдашуда аз рӯи дараҷаи муаян бозгӯкунандаи хулқу атвори инсон ва ҳамчунин ҳолатҳои муаяни инсонро ифода менамояд. Аз ҷумла: 1. Медицина ҳадафи ин илм аз он иборат аст, ки метавонад муайян созад, ҳолатҳои солимӣ ва сабаби  бемориҳоро ва ҳамчунин чи гуна рафъ кардани беморӣ ва нигоҳ доштани саломатиро барои инсонҳо; 2. Физиогномика – аз рӯи ҳадаф бозгукунандаи хислату ахлоқи инсон дар асоси аъзои қиёфаи зоҳирии ӯ маънидод менамояд. Аз ин рӯ ин илм гоҳо ҳамчун қиёфашиносӣ низ ном бурда мешавад. 3. Илми тафсири хоб – ҳадафаш ба он равона гардидааст, ки тавонад хобҳои инсонро ва он симову вазъиятҳое, ки дар вақти хоб ба вуҷуд меоянд онҳоро вобаста аз вазъи инсон пешбинию пешгӯӣ намояд ва ҳамчунин онҳоро маънидод созад. 4. Тилисмот аз рӯи мундариҷаи худ ин илм ба самти он равона карда шудааст, ки маънидод намояд дар кадомин аз вақтҳои муйаян ҳангоми омехташавии қуввоти фаъоли замин бо қуввоти фаъоли осмонӣ кадом навъи мӯъҷизаҳову зуҳурот ба амал меоянд. 5. Ҷодугарӣ ё илми найранҷот-илмест, ки омезишёбии нерӯҳои фаъол ва ғайрифаъолро,ки дар зимни онҳо ҳаводиси муъҷизаовар ва сеҳрангез ба вуқуъ меоянд, шарщ медищад. Ҳадафи ин илм дар он аст, ки ба воситаи ин қуввот сирри пушидаи дӯстона ва ҳамчунин маънидод кардани амалҳои аҷиб ва ғайриоддию осмониро дар табиати инсон бозгӯ менамояд.

Аз ин миён ду илми дигареанд, ки бевосита ба зуҳуроти табиӣ алоқамандӣ доранд, метавон Нуҷум (Астрономия) ва кимиё (химия) ном бурд, ки дар гузашта ва ҳол ҳам ин улум ба хотири бароварда кардани ниёзҳои инсонӣ истифода мешаванд.  

Яке аз илмҳои дигаре ки дар сохтори улуми миёна (математикӣ) дохил мегардад ин назарияи мусиқӣ аст, ки он низ аз маҷмӯи мушаххаси ададҳо ва меъёрҳо иборат аст. Назарияи мусиқиро мансуб донистан   дар таркиби илмҳои риёзӣ ногаҳонӣ нест. Зеро он “омӯзонандаи таркиби овозҳо, пайвастшавии гуногуни онҳо, ҳолату вазъи онҳо, кашиш ва анвои ташаккулёбию пайвастшавии овозҳо, оҳангнокии асбобҳои мусиқиро тафсир медиҳад”.[7]

Ба таври дигар табиати овозҳо дорои хосияти миқдорӣ ва меъёрӣ аст: оҳангнокӣ, кашиш ва фароварди овозҳо. Ҳамчун илми татбиқии назарияи мусиқӣ илми тайёр кардани асбобҳои мусиқӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин ки моҳияти мусиқӣ инчунин аз он маншаъгирандаи санъати рақс, зебоӣ ва маънавиёти инсон баҳравар мегардад, ин илм низба қисмати илмҳои алоқаманд аст, ки инсонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Масоили фалсафии инсон ибтидои хешро аз масъалаи таълимот дар бораи нафс, ҷон мегирад, ки дар он масъалаи ҳамбастагии ду ҷавҳари асосии инсонӣ ҷон ва тан мавриди баҳси ҳамешагианд. Махсусан ин навъи ҷаҳонбинӣ ва баҳс рӯи он хатти ҷудокунандае барои системаҳои гуногуни фалсафӣ назару дидгоҳи мутаффаккирон ва мактабҳои фалсафӣ будааст. Дар ин қисмат масъалаи меҳварӣ масъалаи моҳият ва вуҷуди инсон аст. Обекти асосии омӯзиши он аз шинохти ҳолати дарунии ҷаҳони равонии индивид шуруъ карда аз соддатарин ҷисмҳои зинда то ба дараҷаи олии ба вуҷуд омадани хиради инсонро матраҳ месозад. Вай на танҳо фарогири қисмати бошууронаи инсон балки ҳолати таҳту шуур ҳамчун фаросат (интуитсия), ғариза (инстикнт), хоббинӣ инчунин дигар ҳолатҳои равонии фардро ифода мекунад. Қобили қайд аст, ки дар он давр аз баҳогузории ҳамбастагии байни руҳ ва ҷисм дурнамои  ҷаҳонбинии ин ё он файласуф ва ҳамчунин низоми фалсафии он шакл мегирад. Махсусан аз ҳамин ҳамбастагӣ мақоми инсон дар тамоми низоми илмҳо муаян карда мешавад.

Таълимот дар бораи нафс бо ҳамбастагии ба вазъияти рӯҳонӣ масоилеро аз қабили равоншиносии хоббинӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, зистшиносӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоварад, ки онҳо ҳамбастагии иҷтимоӣ ва моҳияти инсонро ифода менамоянд. Аз ин хотир онҳо ҳамчун асоси консептуалӣ ва мафҳумҳои меҳварии маҷмӯи илмҳои дигар мегардад. Таҳлили муназзами масъалаи инсонро наметавон аз маҷмӯи дигар илмҳо ҷудо намуд. Онро метавон танҳо дар низоми мукаммали фалсафаи Ибни Сино мавриди баррасӣ қарор дод. Яъне он дар ҳам дар мантиқ ҳам дар метафизика ва ҳам дар табииёти Сино ифода ёфтааст. Аз ин бармеояд, ки аксар аз улуме ки дар замони Сино мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегирифтанд дар худ масоили инсонро бевосита матрақ намуда инсонро ҳамчун меҳвар дар омӯзиши худ қарор доданд.   

Қобили қайд аст ки дар масили ахлоқии пайравони мактаби машоҳия бахусус Ибни Сино масъалаи инсон дар маҷмуъ масъалаи меҳвариро ташкил медиҳад ва он муаянкунандаи табиати иҷтимоии инсон маърифат мегардад. Масоили инсон аз дидгоҳи назари ахлоқӣ дар консепсияҳои гуногун аз ҷумла консепсия дар бораи хайру шар, анҷоми амалҳои наку, дар бораи муҳаббат ва саодат, дар бораи озодии андеша, зимини барасии идеяи инсони комил, матраҳ мегарадад. Қобили қайд аст, ки сиёсат ва дидгоҳи сиёсии Ибни Сино ҳамчун илм қисмате аз таълимоти фалсафии ӯро ташкил медиҳад.

Яке аз номуаяниҳое ки дар низоми тақсимбанди илмии аз ҷониби Ибни Сино ба роҳ монда шуда, ин ҷойгоҳи таълимоти тадобири манзил аст. Вай як ҷойи худро гоҳе дар байни илмҳои сиёсат ва ахлоқ ишғол мекунад, ки гоҳҳо онро метавон ба аввалӣ ва гоҳҳо онро метавон ба баъдӣ мансуб донист. Ҳарчанд Ибни Сино дар нақшабандиаш дуруст нишон додааст, ки ин илм фарогири чорчӯбаи зиндагии оилавӣ аст ва онро метавон иқтисодиёт ном буд ё аз рӯи муҳтавояш метавон онро ҳамчун санъати идоракунӣ (дар зиндагии оилавӣ), яъне сиёсат ва аз ҷониби дигар ҳамчун ахлоқ дар танзими муносибатҳо байни аъзои оила дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ ҳисобид. Дар ин бобат метавон ба яке аз асарҳои Ини Сино ки махсус дар бобати хоҷагидорӣ рисолаеро бо номи “тадбири манзил” навишта шудааст, ошноӣ пайдо намуд. Ин рисоларо метавон энсиклопедияи хурде арзёбӣ кард, ки муҳтавои онро дар самти иқтисод, сиёсат, ахлоқ ҳамчунин дигар бахшҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа махсусан зиндагии фардии афроди ҷомеа баррасӣ намуд. Тавре аз тақсимбандии илмии Ибни Сино бармеояд, илми пизишкӣ дар таркиби илм дар бораи табиат дохил гардида, ҷойгоҳи дуюмдараҷаро ташкил медиҳад. Бо ин нигоҳ накарда, дар ососри пизишкии Ибни Сино махсусан дар китоби “Алқонун фи тиб” мо дар бораи дастовардҳои илмии арзишманде дар масоили биологӣ, анатомӣ, физиологӣ, сохтори мағзи инсон ва амалкардҳои системаи олии асаби инсон, маълумот ҳосил менамоем. Дар ин қисмат аз ҳама арзишманд, таълимот дар бораи мизоҷ аст, ки он муайянкунандаи хислатҳои инсонӣ ва гуруҳҳои этникиро дар бар мегирад. Ҳамаи дастовардҳои Ибни Синоро   дар бобати ҳамоҳангии байни ҷисму равони инсон метавон маънидод кард. Аз ин нуқтаи назар таълимоти тиббии Ибни Сино ба метафизикаю космологияи фалсафии ӯ алоқаманд буда, аз ин лиҳоз метавон арзёбӣ кард, ки инсон дар онҳо низ метавонад ба ҳайси обекти асосии омӯзиш қарор гирифта ҷанбаҳои гуногуни беруниву дохилии он метавонанд, мавзӯи матраҳи ин илмҳо бошад.

Дар низоми тақсимбандии илмҳои назарӣ яке аз ҷойҳои асосиро илми мантиқ ташкил медиҳад. Ибни Сино мантиқро ҳамчун илми “равшанибахши роҳи инсон зимни аз худ кардани ҳикмати назарию амалӣ аст. Вай барои пешгирӣ кардан аз ҳар гуна хатову инҳирофот ҳангоми баррасиҳои фаросатию назариявӣ зимни баҳсҳо хидмат менамояд”[8].

Дар низоми илмии Ибни Сино мантиқ ҷойгоҳи духура дорад ва ҷавобгӯ ба он ду вазифаро иҷро менамояд. Аз як тараф он ҷузъи фалсафа аст ва аз ин лиҳоз вай ба улуми фалсафӣ дохил мешавад. Аз ҷониби дигар вай ҳамчун равиш ва усули дарёфти дониши илмӣ яъне обзори фикр кардан (органон) аст. Аз рӯи ташхисбандӣ метавон гуфт дар чунин тақсимбандии файласуф бархурди фикрӣ вуҷуд надорад ва он дуруст қайд мекунад, ки мантиқ аз як тараф ҷузъи фалсафа аст ва аз ҷониби дигар афзори ҳосил кардани  илм. “Агар мо предмети мантиқро ба ҳайси шинохти як мавҷуд гирем, дар ин ҳолат мантиқ ҷузъе аз фалсафа аст, ки ҳолатҳои гуногуни вуҷудро баррасӣ менамяод. Табиати мантиқ аз он иборат аст, ки он ба  мо меомӯзад чи гуна номуаянӣ ба мо равшан мешавад, ё ин ки чи гуна ба мо  барои ба даст овардани ашёи номаълум кумак мерасонад”.[9]

Ба ҳайси илми алоҳида мантиқро Ибни Сино ба 9 қисмат тақсим менамояд. Ин, пеш аз ҳама, ба он нигаронида шудааст, ки масоили фаросатӣ, назарӣ ва маърифатиро ҳал намояд. Вале дар тамоми ин тақсимбандӣ чунин ба назар мерасад, ки инсон ҳолатҳои ҳамарӯзаву амалии ӯ дар ин тақсимбандӣ ба назар мерасанд. Масалан дар қисми 7 мантиқ ки риторика ё санъати суханрварӣ ном дорад гап дар бобати таъсиргузории фард дар зиндагии иҷтимоии ҷомеа баҳс мекунад, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолтияти иҷтимоӣ дар даврони антиқа ва фалсафаи асри миёнагӣ ба ҳисоб меравад. Дар он усулҳои санъати суханварӣ ҳамчун силогизмҳои риторикӣ истифода мешуданд, ки ниҳоятан манфиатовар ҳангоми хитобаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин ҳангоми мубоҳисаҳо ва истифодаи найрангҳои баҳсӣ истифода мегардид. Қисмати даҳуми мантиқро фаронетика ё поэтика номгузорӣ кардааст, ки он хоси шеър буда ба хусусиятҳои силогизимҳои шеърӣ бахшида мешавад   ва фарқаш аз риторика дар он аст, ки он ифодагари ғайри воқеъият яъне бофта ва тахаюлоти инсон аст. Силогизми шоирона барои рангин кардани тасаввури инсонӣ манфиатбахш аст. Ибни Сино асрори мавҷудияти инсонро на танҳо дар осори илмиаш баррасӣ месозад, балки онҳоро зимни баррасии осори адабию бадеияш низ матраҳ менамояд, махсусан дар осори шеъриаш бахусус дар рубоиёт ки хусуияти фалсафӣ  доранд, он кушиш менамояд асрори пушидаи инсонро ошкор созад ва ба яке аз масъалаҳои ҳамешагии ҳастӣ яъне инсон ҷавоб ҷӯяд. Махсус дар ҳамин осори адабию бадеӣ Ибни Сино моҳияти такомули инсонро ки ҳамеша дар ҳоли такмил аст, нишон медиҳад. ӯ мутмаин аст, ки санъати шеър ҷойгоҳи муҳимеро дар байни илмҳои дигар ҳангоми дарки дидгоҳҳои антропологӣ ба вуҷуд меоварад. Ин ба донишманд имкон медиҳад, ки дар шакли санъати истифодаи мафҳумҳои забонӣ масъалаҳои мураккаби ҳастии инсонро баррасӣ намуда ба онҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намояд. Шеъри шакли фалсафӣ часпида улуми тиббиро низ баён месозад. Махсусан яке аз рисолаҳои тиббиаш бо номи Урҷузафиттиб дар шакли шеърӣ суруда шуда буд. Дар ашъори Ибни Сино на танҳо масоили илмию фалсафии донишманд балки ҳамчунин хислатҳои шахсии ӯ ҷаҳонбинӣ, кушишҳои маънавӣ, дурнамоҳои арзишӣ ва мавқеъгириҳои ахлоқӣ ҳамчунин ҷаҳони психологии ӯ таҷассум ёфтаанд.

Дар баробари ин масоили антропологӣ, ки Ибни Сино ба он таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудааст, сарчашмаи асосиаш дидгоҳи Арасту ба ҳисоб меравад.

Баъзе аз ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки Ибни Сино аз ҷамбаҳои ахлоқии муаллими аввал истифода мекунад ва дар тақсимбандии некуӣ ва накукорӣ аз шеваи он кор мегирад. Ҳарчанд замони тулоние байни Арастуву ва Ибни Сино гузаштааст, аммо афкори арзишманди ахлоқии Арасту моҳияти худро гум накарда ҳанӯз побарҷо мондаанд. Дар фалсафаи этикаи амалӣ низ Ибни Сино ба этикаи Арасту таваҷҷуҳ менамояд. Ҳангоми таърифи предмети ахлоқ ба мисли Арасту аз он идеяе кор мегирад, ки рафторҳои ахлоқии инсон то андозае баёнгари маънии зиндагии ӯ буда, барои боз ҳам такмил додани маънавиёт ва ба даст овардани сифатҳои болотару олӣ дорои аҳамиятанд. Этикаи Арасту ва Ибни Сино инсонро дорои иродаи озод вале дар айни ҳол дорои масъулият ба ҳар амали аз ҷониби ӯ анҷомшаванда ки идораи ҳамаи онҳо аз ҷониби аҳли кул ба роҳ монда мешавад.   

Дар замони худ Ибни Сино истеъдоди баланди фитрии Арастуро баҳогузорӣ карда қайд карда буд: “Инсоне ки бори аввал чизҳои пушидаро барои мардум ошкор кард ва надонистаҳоро барои мардумон омӯзондва хатоҳоро ислоҳ намуд, дараҷаи олии тавоноии инсон ба ҳисоб меравад”  (Ибни Сино. Ҳикмати машриқия. Осори мунтахаб. Ҷ. 4. Душанбе: Ирфон, 1992. C. 21).

Ҳар касе паз аз Арасту омад ва хост онро ислоҳ кунад ӯ ба инҳирофот рафт ва ҳатман дар таснифоти соҳот дубора ба равиши татбиқ намудаи ӯ такя варзидааст. Қобили қайд аст, ки Ибни Сино на танҳо муфассир бар осори Арасту аст, балки дар ҳолатҳои муаян дидгоҳҳои Арастуӣ берун рафт ва назари шахсии хешро дар масоили гуногуни ҳастишиносию назарияи маърифат, баён медорад. Аксар аз муҳаққиқон ба он назаранд, ки дар китоби “Фалсафаи машриқайн” Ибни Сино дидгоҳи хосаи худро нисбати масолили фалсафӣ баён намудааст. Онҳо муътақидан, ки китоби мазкур аз дигоҳҳои файласуфони машоӣ ки ҳамагӣ пайравони Арасту буданд, фарқ мекунад. Ҳамин аст, ки онҳо Ибни Синоро на танҳо муфассири Арасту балки ӯро мунақиди Арасту низ ёд мекунанд.  қобили  қайд аст, ки дар фалсафаи юнонӣ на танҳо Арасту  масолили антропологиро баррасӣ кардааст, балки дигар мутафаккирону донишмандон масоили антропологиро чи дар шакли мавзуоти фалсафӣ ва чи дар шакли мавзуҳои пизишкӣ баррасӣ гардидаанд. Қобили қайд аст, ки дар шаклгирии донишҳои тиббии Ибни Сино таъсири донишмандони юнонӣ аст, ки он тавассути интиқол аз насл ба насл то даврони он омада расидааст. Бояд қайд кард, ки ӯ донишҳои тибиро назди Абумансури Қамарӣ ва Абусаҳли Масеҳӣ гирифтааст, ки дуввуми пайрави дини масеҳият буд. Ҳамчунин масеҳиро муаллифи китоби сад навъи санъат дар пизишкия медонанд. Донишҳои асосии масеҳӣ сарчашма мегиранд аз донишҳои тибии гипократ ва галена. Ин донишҳо баъдан аз ҷониби Абубакри Розӣ тақвият дода шуда, онҳо дар 30 ҷилд  бо номи “Алкитоб ал Ҳовия” интишор ёфтаанд. Китоби қонун ал тиби Ибни Сино низ дар чорчубаи ҳамин осор навишат шудааст. Бояд қайд кард, ки масъалаи мизоҷ ки Ибни Сино онро баррасӣ менамояд, поягузорӣ шудааст дар таълимоти гипократ ва глен, ки он бо номи таълимоти дар бораи темперамент баррасӣ гардидааст. Тибқи ин таълимот мизоҷ (темперамент) вобаста аз чор моеъст, ки организм онҳоро аз худ ҷудо менамояд (хун, шилмак, талхаи зард ва сиёҳ) аз рӯи таснифоти он инсонҳоро ба чор навъи мизоҷ тақсим менамояд. Сангвиникҳо, холерикҳо, меланхоликҳо ва флегматикҳо, ки ҳар кадоме аз онҳо пайваст бо ин чор навъи моеъ буда, ҳар кадоме дорои хислату хусусияти хоса мебошанд.

Нотакрории зуҳуроти Ибни Сино дар он аст, ки ӯ тавонистааст дидгоҳҳои ғарбу шарқиро ба ҳам омезиш диҳад. Махсусан дар бахши зебоишиносӣ ӯ тавонистааст, китоби поэтикаи Арастуро ба ҳайси тафсиргари санъати бадеӣ қарор дода, дар баробари ин китоб як асаре бо номи саноати шеърӣ низ таълиф намудааст. Ҳамчунин китоби риторикаи Арасту низ дар тарзи суханварию илми хитоба ва баён барои Ибни Сино таъсиргузор ва муҳим будаанд.

 

Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илми фалсафа

[1]Ибни Сино. Донишнома. Осор. Ҷилди 1. Душанбе. Ирфон 1980. C. 104.

[2] Ибни Сино дар ақсои улуми ақлия. Осори Мунтахаб. Ҷилди 2. – Душанбе: Ирфон 1980. C.103.

[3][3] Ҳамон ҷо. C. 104.

[4] Ибни Сино дар ақсои улуми ақлия. Осори Мунтахаб. Ҷилди 2. – Душанбе: Ирфон, 1980, C. 103.

[5]  Ҳамон ҷо. C.104.

[6] Ибни Сино дар ақсои улуми ақлия. Осори Мунтахаб. Ҷилди 2. – Душанбе: Ирфон, 1980. С.103.

[7] Диноршоев М. Натурфилософия Ибни Сино. Душанбе: Дониш, 1985. С. 40.

[8]Ибни Сино О класификации рациональных наук. С. 108.

[9]Диноршоев М. Натурфилософия Ибни Сино. Душанбе: Дониш, 1985, С. 40.

Хондан 4718 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Моро фалсафаи миллии амал зарур аст

Китобҳо