JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 (сухане чанд дар ҳошияи суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар) Хирман, ки дар ӯст шуъла мавҷуд, Хаспӯш кунӣ, фузун кунад дуд. Ассори Табрезӣ Дар мулоқот ва суханронии Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мавзуъҳои зиёд ва муҳими ҳаёти кишвар, пеш аз ҳама, вазъи руҳоният ба таври ошкоро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лиҳозо, мо ба иҷмол дар бораи бархе аз ин мавзуъҳо изҳори назар менамоем:
 Хушо, Наврӯз созу чанг овард, Навою савту на оҳанг овард. Ба мо бар рағми ҷаҳлу нотавонӣ Тавону қудрати фарҳанг овард! Инак, имрӯз Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо Соли нави аҷдодӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устуравии онҳо ашёи табиӣ…
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» хабар доданд. «Барнома пура бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, ба корбарон-омӯзгорон имконият медиҳад, ки дар ҷараёни таълим аз он васеъ истифода намоянд. Интерфейси барнома содаву фаҳмо буда, корбарии он барои ҳамаи омӯзгорон дар назар гирифта шудааст. Тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дарсро ҷолибу шавқовар…
(чанд мулоҳиза дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин) Оростани мулоқоту вохуриҳо бо фаъолони маданӣ, қишри зиёӣ ва ходимони дин дар меҳвари барномаи кории Сарвари давлат қарор гирифтааст ва чанд соли пеш, дақиқтараш 12 майи соли 2018 бо ҳузури фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин суҳбати хуби ихтисосӣ анҷом дода буданд.
Чоршанбе, 13 Марти 2024 10:16

Аз пайравони содиқи устод Айнӣ

Муаллиф:
 (навиди фарҳангӣ дар заминаи нашри китоби устод Ҷамолиддин Саидзода “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст” (Дастури ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ)) Устод Ҷамолиддин Саидзода дерест, ки барои доираҳои адабӣ, илмӣ ва мадании ҷумҳурӣ ошност. Ин ҳам маълум аст, ки устод Саидзода аз пайравони содиқи устод Айнӣ буда, як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажуҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад.
Саҳифа аз 2 то 128