JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Марти 2024 06:45

Мавқеияти давлатӣ ва зарурати шинохти чолишҳои имрӯзӣ

Муаллиф: Нозим Нуров

(чанд мулоҳиза дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)

  Оростани мулоқоту вохуриҳо бо фаъолони маданӣ, қишри зиёӣ ва ходимони дин дар меҳвари барномаи кории Сарвари давлат қарор гирифтааст ва чанд соли пеш, дақиқтараш 12 майи соли 2018 бо ҳузури фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин суҳбати хуби ихтисосӣ анҷом дода буданд.

   Дар мулоқоти охир, ки 9 марти соли ҷорӣ бо ҳузури доираи васеъи роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ходимони дини ҷумҳурӣ доир гардид, Сарвари давлат ҳудуди панҷ соат бидуни танаффус атрофи муҳимтарин масъала, муаммо, уқда ва мушкилоти имрӯзӣ, ки ғолибан бар асари нуфузу ҳузури фарогири хурофоту таассубу ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ иттифоқ афтодаанд, суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом доданд. Муҳимтар аз ҳама, ин мулоқот ба лиҳози сатҳи ҳадафмандӣ, дарки ҳассосиёти имрӯзӣ, низоми бархурдҳои тамаддунӣ, вазъ ва дурнамои бозиҳои геополитикӣ, муҳиммияти мавзуъ, доираи иттилоотӣ-таҳлилӣ, қиёсгирии мантиқӣ, фарохии ҷаҳоншиносӣ, фарогирии мундариҷавӣ-муҳтавоӣ, таъсирнокии сиёсӣ-мафкуравӣ ва дидгоҳи миллӣ-дунявӣ хеле фарқкунанда буд. Ин андоза суҳбат ва дар маҷмуъ, мулоқот ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки аҳли толор зиёда аз панҷ соат сокиту ором ва баъзан бо кафкӯбиҳои бардавом суханронии Сарвари давлатро шуниданду истиқбол гирифтанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бардошту таассуроти хешро аз мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мухтасаран ироа медорем:

  Якум. Маҷмуаи масъалаҳои мубраму муҳимми сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ-ақидатӣ, тарбиятӣ-ибодӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва маданиеро, ки дар суханронии Сарвари давлат матраҳ гардиданд, метавон ба таври зайл гурӯҳбандӣ кард: 1) масоили сиёсӣ-мафкуравӣ; 2) масоили динӣ-ибодӣ; 3) масоили маърифатию фарҳангӣ; 4) масоили ҷаҳонбинӣ-ҷаҳоншиносӣ. Ба назари мо, ҳар мавзуъ ва масъалае, ки дар мулоқоти ахирии Сарвари давлат матраҳ гардид, асосан дар доираи гурӯҳбандии чаҳоргонаи болоӣ мунсаҷим шудаанд. Албатта, ин навъи гурӯҳбандӣ як пешниҳод аст ва онро метавон такмил кард ва доираи масоилро фаротар намуд.

  Дувум. Хатти марказӣ ва меҳварии суханронии Сарвари давлат дар доираи мавқеияти давлатӣ ва манофеи миллӣ чарх мезад. Ин бад-он маъност, ки Сарвари давлат аз оғози фаъолияти раҳбарӣ то ин замон ҳадафи сохтмони давлати миллию дунявиро пайгирӣ карда, дар ростои шинохти манофеи миллӣ, фаҳми воқеиёти сиёсӣ, дарки ҳассосиёти замонӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ, муаррифию гиромидошти фарҳанги бостонии аҷдодӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва устуворсозии пояҳои давлатдории миллӣ-дунявӣ иқдомоти ҷиддии барномавӣ-стратегӣ рӯйи даст гирифтаанд. Ин аст, ки ҳамеша оғозу анҷоми суханрониҳояшонро ба масоили ташхиси авзои сиёсӣ-мафкуравии минтақавию ҷаҳонӣ, сатҳи бархурдҳои тунди тамаддунӣ, раванди бесобиқаи бегонашавию худбохтагӣ, осебпазирии насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик иртибот дода, аз раҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, қишри зиёӣ, фаъолони маданӣ ва ходимони динии кишвар даъват ба амал меоваранд, ки дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти шуури сиёсӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияту суботи ҷамъиятӣ саҳми муносиб бигузоранд. Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ ба бетарафию бепарвоии институтҳои иҷтимоӣ, қишри зиёӣ ва фаъолони сиёсию ҷамъиятӣ ишораи ҷиддӣ намуда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки бетарафию саҳлангории зиёиёну фаъолони маданӣ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва мусибату фоҷеаи миллӣ гардид. Бинобар ин, бетараф будан ва бепарвоӣ кардан ба сарнавишти миллӣ-давлатӣ ба сифати нуқтаи заъф аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид гардид. --Агар вазъ ҳамин тавр идома пайдо намояд (яъне, агар бетарафию бепарвоии ҷомеа ва махсусан, қишри зиёии мамлакат давом кунад), -- афзуданд Сарвари давлат,-- суботу амният аз даст меравад ва воқеаҳои солҳои навадуми асри бист дар шакли нав зуҳур мекунанд. Ба ин маъно, ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва зиёиёни ватанӣ вазифадоранд, ки ба сарнавишти миллат-давлат бепарво набошанд ва дар тақвияти бедории фикрӣ ва рушди давлатдории миллию дунявӣ саҳми муносиб бигузоранд.

 Сеюм. Истифодаи дуруст аз афкори динӣ-шаръӣ, ибодати отифӣ, хидмати мазҳабӣ тавассути ибодати ростин, тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихор аз нажоди ориёӣ ва эҳтиром ба арзишҳои дунявӣ дар саргаҳи суханронии Сарвари давлат қарор дошт ва минҳайси кулминатсияи суханронӣ ин қавли Сарвари давлат толорро ба ваҷд овард: “Ман аввал тоҷикам, пасон мусулмон”. Дар ин қавли миллӣ-давлатӣ барнома-стратегияи Сарвари давлат қарор гирифтааст ва аз ин ҷумлаи калидӣ, ки аз ҳадафи стратегии Сарвари давлат сарчашма мегирад, метавон консепсияи нави тарбияти миллӣ дуруст кард ва насли наврасу ҷавонро дар руҳияи миллатшиносию ҳувиятсозӣ тарбия намуд.

  Чаҳорум. Авомфиребӣ, авомзадагӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолатписандӣ, ки тайи понздаҳ-бист соли ахир ба таври густурда паҳн гардида, ҷомеаи моро сироят карда, масуният-иммунитети ҳувиятӣ, нажодӣ, миллӣ ва дунявии моро заиф сохтааст, мавриди гуфтугӯ ва суҳбати ихтисосии Сарвари давлат қарор гирифта, ба сифати мушкили рақами яки миллӣ дар мулоқот матраҳ гардид. Сарвари давлат дар ин замина таъкид карданд, ки “Хурофот хатар бар имрӯзу ояндаи миллат аст... Ҷаҳолат хурофотро меафзояд ва хурофот мусибату бадбахтиро ба вуҷуд меоварад”. Рафъи камбудӣ ва мушкили ҷиддии сиёсӣ-мафкуравӣ, ки бар асари бетафовутии баъзе ниҳодҳои илмӣ-маданӣ, ҳавзаҳои донишгоҳӣ ва блоки  мафкуравӣ-идеологӣ рӯ ба афзоиш овардааст, дар муборизаи ҳадафмандонаю дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои давлатӣ ва муҳитҳои илмӣ-академӣ, ҳавзаҳои адабӣ-ҳунарӣ ва ҷомеаи маданӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳамгиройӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии сохторҳои давлатӣ бо ниҳоду институтҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи синамогарон, Иттифоқи рассомон ва амсоли инҳо) роҳро барои маҳор кардани буҳрони ҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ ва таҳдиду чолиши имрӯзӣ ҳамвор месозад. Аз тарафи дигар, Сарвари давлат дар мулоқот масъалаи дуюмдараҷа донистани сохтори сиёсӣ-мафкуравӣ ва блоки идеологии давлатиро ба миён гузошта, аз масъулин ва дастандаркорони пружаҳои давлатӣ талаб намуданд, ки умури сиёсӣ-мафкуравиро дар мадди аввал қарор диҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, агар вазифаи муовини идеологӣ дар иерархия-дараҷабандии мансабӣ ба мақоми муовини аввали раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ баргардонида шавад, беҳтар аст. Мо дар ин замина, таҷрибаи даврони шуравиро дорем, ки муовини идеологӣ манзалат ва нуфузи бештар ва баланде дар дараҷабандии мансабӣ дошт ва ба гунаи намуна, Суслов минҳайси котиби идеологии давлати шуравӣ бузургтарин шахсияти сиёсӣ-мафкуравӣ шинохта, пазируфта ва эҳтиром карда мешуд. Чаро мо дар ин вазъияти ногувори сиёсӣ-мафкуравӣ аз тарҳи дар авлавияти мансабӣ қарор додани блоки сиёсӣ-мафкуравӣ истифода набарем?

  Панҷум. Мусаллам аст, ки манзалати давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳи мафкурасозии он бастагӣ дорад ва мафкурасозӣ кору умури ниҳодҳои махсуси давлатӣ ва илмӣ-академӣ мебошад. Бинобар ин, сари таҳким ва тақвият бахшидани умури сиёсӣ-мафкуравӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард ва нафароне ба ин мансаб ҷалб карда шаванд, ки пеш аз ҳама, мавқеи давлатӣ, тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ дошта бошанд. Ба ин маъно, масъалаи тарбияи кадрҳои миллӣ бо тафаккури илмию дунявӣ пеш меояд, ки сари он ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард. Дар ин замина, аз ҳисоби насли ҷавону миёнсол ва ҳатто солманди ҷомеа нафаронеро бояд ҷустуҷӯву интихоб кард, ки ба умури сиёсӣ-мафкуравӣ ва манофеи миллӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

  Шашум. Дар мулоқот бештар сари ходимони дин тамаркуз сурат гирифт ва мухотаби Сарвари давлат бештар ходимони динии кишвар буданд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти тарбиятӣ, набояд фаромӯш кард, ки тарбияи миллӣ аз хона шуруъ шуда, дар мактаб ташаккул ёфта, дар муҳити донишгоҳӣ рушд мекунад ва агар хонавода, мактаб, донишгоҳ ва муҳити корхона солиму муътадил набошад, ҷомеа осебпазир мегардад ва буҳрони чандсамта баданаҳои иҷтимоиро аз фаъолият бозмонда, билохира фалаҷ месозанд. Ин ҳолатро дар ҷомеашиносӣ ва равонковӣ коллапс меноманд. Бинобар ин, дар баробари пружаҳои сиёсӣ-мафкуравие, ки солҳост аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, насли наврасу ҷавонро ҳадаф қарор дода, мағзшуӣ намуда, ба зомбӣ ва манқурти тамомайёр табдил медиҳанд, барнома-пружаҳои омӯзишӣ, илмӣ, маданӣ, синамоӣ ва ҳунарии худро бояд роҳандозӣ намоем, то ин ки ба сифати алтернатива-гузинаҳои муассир пеши роҳи чолишу таҳдидҳои ифротгаройӣ ва тундравии динӣ-мазҳабиро бигиранд.

   Ҳафтум. Сарвари давлат дар мулоқот атрофи умури динӣ-ибодӣ махсус таваҷҷуҳ намуда, аз қишри динӣ-мазҳабӣ тақозо намуданд, ки дар хидмати дину мардум бошанд, на дар хидмати нафсу андӯхтани дороиву сарват. Аз ин ҷо тарбияи ходимони диние, ки ғуруру ифтихори миллӣ доранд, масъалаи калидист, ки сари он мебояд андеша кард ва дар ин замина роҳкорҳои зарурӣ амалӣ сохт. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисмати зиёди ходимони дин (ва аз ҷумла баъзе мудир-омилони сиёсӣ, илмӣ, маданӣ, адабӣ ва ҳунарии ҷумҳурӣ) ҳувияти диниро бар ҳувияти миллӣ тарҷеҳ медиҳанд ва ба ҳама масоил аз нигоҳи маҳдуди мазҳабӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Ин нуктаро Сарвари давлат дуруст дарёфта, таъкид карданд, ки мамлакатҳои пешрафтаи исломӣ дар фикри сафар ба кайҳонанд, аммо мо ҳанӯз дар фикри таҳорату ҳоҷиошӣ барин масоили ҷузъии шаръиеам, ки на ба дин манфиат меоварад ва на ба давлату миллат. Таваҷҷуҳ ба ин байти калидӣ:

       Дине, ки дар он манфиати халқ набошад,

       Ҷуз дағдағаи савмааву далқ набошад --

  ҷомеаро аз бисёр мушкилоту чолишҳои имрӯзӣ, ки бар миллату давлат садама мезананд, эмин медорад. Ба назари Сарвари давлат, бо фаро гирифтани илму дониш ва касбу шуғл фарзандони мо аз бори гарони ифтротгаройӣ ва тундравӣ наҷот меёбанд ва амалӣ гардидани ин навъ барномарезиҳои таълимӣ-маърифатӣ як дараҷа ба кори муваффақонаву ҳадафмандонаи ходимони дини ҷумҳурӣ низ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, боло рафтани сатҳи саводу маърифат, боло рафтани сатҳи миллатсозию давлатдорист.

  Ҳаштум. Хулоса, Сарвари давлат дар мулоқот аз силсилаи мушкилот ва нигарониҳое, ки ба ояндаи миллату давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ёдовар шуда, аз мавқеияти миллию давлатӣ ба кулли масоил ва мушкилоту чолишҳои боздорандаи рушду тараққӣ таваҷҷуҳ намуданд. Бовар дорем, ки баъди мулоқот ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ходимони динии кишвар аз пайи иҷрои вазифа ва рисолати аслии худ – бедории фикрӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, тақвияти руҳияи миллӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ-дунявии насли наврасу ҷавон ва умуман, омма мешаванд ва дар роҳи хидмати воқеӣ ба халқи азизи тоҷику тоҷикистонӣ қадамҳои устувор бармедоранд.

 

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

Хондан 860 маротиба