JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Имрӯз ба сарзамини мо қадами зиндагисози баҳори нозанин! - Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба кӯҳандиёри мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст, Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодати мулкамон бошад. Эмомалӣ Раҳмон Дар ҳақиқат таърих охири қарни 20 ба мо мардуми фидокору ҷонфидову тамаддунпарвару фарҳангсолори тоҷик неъмати бебаҳоеро бо номи Истиқлолият ато намуд. Бо шарофати ин тӯҳфаи нодири тақдирсоз мардуми сарбаланди тоҷик тавонист бори дигар аз минбарҳои баланди ҷаҳони мутамаддин овоз рӯшан намояд. Акнун заминаи муфиду мусоид барои эҳёи арзишҳои волои миллию мардумӣ, ки…
Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсузи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихору ва эҳсоси ватанпарастӣ аст ба вуҷуд оварда шудаанд.
Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мақоми Зан- Модар хеле олӣ мебошад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карданд, ки «Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Вақте Президенти мамлакат ба Зан-Модар чунин баҳои баланд дода бошанд, пас ҳамагонро месазад эҳтироми ин олиҳаи муҳаббату латофатро ба ҷо биоваранд. Чунин ибрози андеша намуд доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров вобаста ба Рӯзи Модар.
Душанбе, 06 Марти 2023 18:04

Адабиёт ва ифтихороти миллӣ

Муаллиф:
(Дар ҳошияи мақолаи профессор Саймумин Ятимов “Тавоно бувад ҳар ки доно бувад” Адабиёти ҳар миллате дар тарбияи руҳию равонии афроди он нақши асосӣ иҷро мекунад. Муҳимтарин рукни адабиёти миллиро рӯҳияи миллӣ ташкил медиҳад. Руҳияи миллӣ ҷонмояи асари адабӣ ба шумор меравад. Ҳар асари бадеӣ дорои мавзуву муҳтаво ва сужаву сохтори хоси худ мебошад. Аммо дар паҳлуи ин вижагиҳо руҳи миллӣ низ бояд дар ҷараён бошад. Гарчанде руҳи миллӣ монанди санъатҳои бадеӣ ҷузви меъёру вижагиҳои таҳлили асари бадеӣ маҳсуб намешавад, аммо шарики ғайрирасмии ҳар мавзуву масъалаи адабӣ бояд бошад. Аз ҳамин ҷиҳат муҳаққиқон бо таваҷҷуҳ ба таъсири ҳолати руҳию равонии нависандаи…
“Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст”. Эмомалӣ Раҳмон. Паём - 2022.