JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 23 Феврали 2023 12:13

Оид ба чанд муаммои таърихи Шашмақом

Муаллиф:
Солҳои охир доир ба масъалаи кай ва чӣ гуна ба суннати адабии “зуллисонайн” ворид гардидани мусиқии Шашмақом баҳсҳои мухталиф пайдо шуданд. То ба имрӯз як идда мухлисони мусиқии классикии тоҷик дар пайравӣ ба ақидаҳои иштибоҳангези баъзе нафарони ба ном “мусиқидон” чунин тасаввур мекунанд, ки гӯё дар ниҳоди ҳунари воло ва асили тоҷикон – Шашмақом аносири бадеияти туркӣ, ё худ таъсири услуби “мавригӣ” мавқеи хос дошта бошад. Танҳо таҳқиқи таърихи рушд ва такомули Шашмақом дар асрҳои 18-19 дақиқан нишон медиҳад, ки ин ақида маҳсули тахайюли бегонапарастӣ буда, бештар характери иғвогарона дорад.
Сешанбе, 21 Феврали 2023 09:10

Шеъри дунявӣ ва фазои миллӣ

Муаллиф:
(мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ, созишу муросо бо ҳангомасозиҳои руҳониёни мутаассибу муҳофизакори дохилӣ, зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию академӣ ва насли наврасу ҷавон ҷомеаро осебпазир…
 1.ҚИССАИ ДИЛОРОМИ ЧАНГӢ ЧИ МАЪНӢ ДОРАД? Чуноне ки аз таърихи адабиёти классикии тоҷик маълум аст, қиссаи ҷонсўзи муҳаббати Баҳроми Сосонї ба мутрибаи хушнаво Дилороми Чангӣ дар даҳҳо достонҳои бузург суруда шудааст. Бузургони назм Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Низомии Ганҷавӣ дар осорашон ба ин сужаи қадимӣ рамзҳои пур аз муаммо илова намуда кушиш ба харҷ додаанд, ки нақши мусиқиро ҳамчун падидаи зебоӣ ва сози чангро ба сифати нозуктарин созҳои мусиқӣ шарҳ бидиҳанд. Андаке дертар, мусиқишиноси маъруфи қарни ХVII Дарвешалии Чангии Бухороӣ мазмуни ин достони ишқ шоҳонаро ба пуррагӣ дар рисолаи «Туҳфат-ус-сурур» иқтибос оварда, шарҳу тафсилоти зиёдеро низ зам кардааст.
 Бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мафҳум ё вожаи «артиш» ҳаммаънои мафҳуми «армия» мебошад, ки аз забонии лотинӣ ба маънои «мусаллаҳ кардан» ва «яроқнок гардонидан» мебошад. Пеш аз он ки мо ба моҳияти артиш, яъне артиши як давлат сухан ронем, бевосита бояд мафҳуми «давлат»-ро дарк намуд. Давлат аз ҷониби илмҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз он ҷумла таърих, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба таври мухталиф маънидод карда мешавад. Барои мисол давлат аз нигоҳи илми таърих – «ин ташкилоти сиёсиест, ки ҷамъиятро ба воситаи сохторҳои махсуси маъмурӣ ва низомӣ идора мекунад»; аз нигоҳи сиёсӣ бошад, давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва…
23 феврали соли равон аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Имрӯзҳо ин ҷашни муборак ба маънои том ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, дар қалби ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳсоси ватанпарварӣ, мардӣ, ҷасурию ифтихорро бедор менамояд. Тавре дар моддаи 43-юми Конститутсия муқаррар шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад». Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дода, дар роҳи таъмини оромию осудагӣ ва амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд намуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар…