JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад. Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст. Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти…
Ҷумъа, 13 Январи 2023 04:54

Халқро тақлидашон барбод дод

Муаллиф:
Яке аз заъфҳои тафаккури мардумони таассубзадаву хурофотӣ дар он аст, ки онҳо ҳеҷ гоҳ далелҳои ақлию мантиқиро қабул надоранд ва агар тамоми он ҳаводису воқеаҳоеро, ки аз назари мантиқӣ ба омилу сабабҳои муайян ба вуҷуд меоянд ё дорои қонунмандии муайянанд барояшон пешниҳод ҳам намоем, онро қабул надоранд. Ҳатто агарчи бебунёд будани ақидаашонро собит ҳам намоӣ, ҳеҷ гоҳ худро шикастхурда ва мағлуб эҳсос намекунанд, зеро барои ин гуруҳҳо як ҳақиқат мавҷуд аст, ки он ҳам бошад ҳақиқати динию бовармандӣ аст.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, дар маҷмўъ, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт. Ҳамасола дар қатори хизматчиёни давлатӣ, дар маҷмуъ ҳар як сокини Тоҷикистон бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастурҳо ва супоришҳои зикршударо сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, ҳамчун дастури рўимизӣ дар давоми сол аз он истифода менамоянд. Зеро дар Паём ҳамасола…
Сиёсати хориҷии муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ кишварро ҳамчун давлати рӯ ба рушд муаррифӣ намуда, имиҷи сиёсии он боло рафт. Қадами аввалин дар ин самт дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шуда буд. Воқеан, Иҷлосияи 16-ум қадами аввалин ва калидие буд барои эъмори давлатдории миллӣ ва заминагузор барои рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат зикр гардидааст.
Бардоштҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт. Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо…