JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Муҳтавои филми нави Муҳиддин Музаффарро метавон чунин номгузорӣ кард, зеро тайи наздик ба ду соат аз экран миёни қаҳрамонони он баҳси тан ба тан вобаста ба моҳияти арзишҳои асили аҳлоқиву маънавӣ, иҷтимоиву инсонгароӣ сурат гирифтааст. Қабл аз он ки доир ба вижагиҳои бадеӣ ва ҳунарии ин асари тозаи синамои тоҷик сухан ронем, бояд ёдовар гардид, ки муаллифи он дар фазои фарҳангии имрӯз, хусусан дар ҷодаи филмофарӣ шахсияти нав нест. Муҳиддин Музаффар дар ду даҳсолаи охир бо офаридани силсилаи аҷоиби филмҳои кӯтоҳмуддат ва иштирок дар фестивалу намоишҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ худро ба тамошобинону мутахассисони соҳа ба хубӣ муаррифӣ намуда буд.
Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ бардошти таҳрифшуда аз воқеиятҳо ва фарзияҳоест, ки зери таъсири пешдовариҳо, манфиатҳо, тарс ва тамаъ, дар бардошт, қазоват ва истидлоли одамон дохил шудаанд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ боиси таҳрифи идрок, қазовати нодуруст, тафсири ғайримантиқӣ ва бехирадона мешаванд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ аз хурофотҳое бармеояд, ки дар ҳофизаи ҷамъиятӣ вуҷуд доранд ва ин ба дарки дурусти тасвири илмии олам ва паҳншавии он, ки аз қолабҳои ҷорӣ дар шуури тӯдаҳо фарқ мекунад, монеъ мешавад. Одамон дар ҷустуҷӯ ва тафсири маълумот, маъмулан тамоил ба он доранд, ки хурофоту пешдоварии худро дуруст нишон дода, ҳар як маълумоте, ки дидгоҳҳояшонро рад мекунанд, беэътибор нишон диҳанд. Ба ҷаҳон аз…
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Тоҷикистон дорои гуногунандешии этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ҳамзистии осоишта аст ва ин вежагии асосӣ воқеияти ҷомеаи муттаҳид ва ҳамгирои тоҷиконро ташкил медиҳад. Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона машғули кору фаъолиятанд, бар мабнои Конститутсия ва ба истилоҳ, Қонуни асосӣ озодии виҷдон ва баробарии ҳамаи шаҳрвандонро кафолат медиҳад.