Дар паҳнои азими ҷаҳони муосир то имрўз даҳҳо миллату кишварое мавҷуданд, ки таи садсолаҳо инҷониб баҳри ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ ва соҳиб гардидан ба арзу буми сарзаминашон азият мекашанд. Дарвоқеъ, комёб шудани мардум ба зиндагии одилона, соҳиб гардидани онҳо ба забону фарҳанг ва сангу хоки азизи сарзамини хеш падидаест хеле гуворо, вале мутаассифона, на ба ҳама дастрас. Хушбахтона, тақдир ба миллати мо баҳрабардориро аз ин неъмати асосӣ ва аз ин давлати накўномӣ пас аз садсолаҳои орзуву умедҳо ва ниятҳои дар дили ҳазорон фарзандонаш барбодрафта сазовор донист.