JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид. Фирдавсӣ Забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносбатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.
 Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки тамоми дастоварду пешрафтҳои ҷомеаи инсонӣ на маҳсули тафаккури динӣ, балки маҳсули тафаккури илмист. Имрӯз агарчанде натоиҷи тафаккури илмӣ ҳатто барои кӯр айён буда, дар ҳамаи самтҳои ҳаёт ба таври воқеӣ бо чашм дида мешавад, новобаста ба ин, дар баъзе аз ҷомеаҳои мусулмоннишин ҳанӯз пойбандӣ ва асорати на танҳо мардуми оддӣ, балки иддае аз зиёиён ба тафаккури динӣ сахт ба чашм мерасад. Хеле тааҷҷубовар аст, ки ашхоси дар банду баст ё завлонаи тафаккури динӣ афтода тамоми дастоварду натоиҷи тафаккури илмиро дар ҳаёти амалии худ васеъ истифода менамоянд, лек боз дар ҳифзи тафаккури динии худ як…
9 майи соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи навбатии асарҳои рассоми маъруфи тоҷик Далер Миҳтоҷев баргузор гардид. Намоишгоҳ, ки беш аз 140 асари муаллифро дар бар мегирифт, дар се толори осорхонаи миллӣ барои намоиш ҷойгир карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони ҷомеаи пойтахт, ходимони фарҳанг ва санъат, ҳамкорони Д.Миҳтоҷев, меҳмонони хориҷӣ, сайёҳон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок карданд.
Дар таърихи 13-15 сентябри соли 2023 шаҳри Душанбе мизбони як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Дар давоми ин рӯзҳо, Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамоишҳои илмии ниҳодҳои илмии кишварҳои минтақа ва даҳҳо форуму ҳамоишҳои иқтисодиву фарҳангӣ баргузор гардиданд. Пеш аз ҳама, баргузории чунин чорабиниҳои муҳим, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои минтақа баргузор мегардад, гувоҳ аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои минтақа мебошад.
Мусаллам аст, ки инсон, аз бозе ки пай бурд, мавҷуде тавлидкунанда мебошад (ниг.:Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият: гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, 1386. -С.7), ба тавлиди фикру андешаи созанда сари кор гирифта, ҷаҳонро тибқи фаҳмиш, эҳтиёҷот ва муқтазиёти замонию маконии худ аз нав офарид. Омӯзиши ҳаводиси таърихӣ, бурду бохти маънавӣ, мафкуравӣ ва фикрӣ, панд гирифтан ва бо чашми ибрат нигаристани фаҷоеи миллию мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки насли ҷавон(албатта, бо кумаку дастгирии бевоситаи насли миёнсол ва солманди ҷомеа) ба умқи мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ сар дароваранд ва дар рафъи…