JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(чанд сухани муқаддимотӣ дар ҳошияи монографияи илмии шоир ва адабиётшиноси муосири миллӣ Беҳрӯзи Забеҳулло) Солҳост, ки шоир, адабиётшинос ва рӯшангари миллӣ Беҳрӯзи Забеҳуллоро мешиносам ва аз сабку салиқаи вежаи илмию эҷодии ӯ то андозае огоҳам. Иттифоқан, чанд соли қабл рисола-монографияи илмии Беҳрӯз “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ”-ро аз муаллиф дарёфт карда, варақ задам ва дар робита бо муҳтавои таҳқиқот чанд ҷумлае барои худ ёддошт карда будам. Дар хусуси муҳтавои китоб назаротамро ҳам ба муаллиф гуфта будам. Ҳамчунин, қарор гузошта будам, ки сари мавзуоту муҳтавиёти монография бар мабнои тасаввуроти фардӣ ишороте иҷмолии катбӣ хоҳам кард. Мутассифона, китобро…
Инсон аз бомдоди зиндагӣ ба донистану дарк кардани ҳастӣ ва вуҷуду ҳайсияти худ талош варзида, то имрӯз дар ин масир ҳаракат мекунад. Саъю талошҳои инсонӣ дар ростои шинохти ҷаҳону ҳастӣ ва шахсияту ҳайсияти фардию ҷамъӣ боиси ба вуҷуд омадани мактабу маслак, ҳазбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои гуногуни фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва маданӣ гардид. Дар меҳвари фаъолиятҳо ва барномарезиҳои рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд ҳамеша беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии инсонӣ қарор доштааст ва барои пиёда кардани пружаҳои сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ инсон аз ирода ва неруи илму хирад истифода кард. Ба ин тартиб,…
Аз шумораи зиёди забонҳои мавҷудаи миллӣ дар ҷаҳон (беш аз 2000) ками дар кам забонҳое воқеӣ гардидаанд, ки бо истифодаи онҳо осори бузурги илмӣ боқигузор шуда бошад ва ин асар то имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён, хусусан илмпешагон қарор гирифта бошад. Хушбахтона, забони тоҷикии порсӣ низ дар радифи забонҳои юнониву лотинӣ, хитоиву суриёӣ, арабиву англисӣ, русиву олмонӣ, фаронсавию итолиёӣ аз ин гуна афзалият бархӯрдор будааст. Ин забони илмии тоҷикӣ аст, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ таърихи кӯҳани бештар аз 1000-сола дошта, хиштҳои нахустини пойдевори он дар асрҳои миёна, дар замони ташаккули аввалин сохти давлатдории тоҷикон - давлати Сомониён гузошта шудааст.
Бархе аз донишмандон ва шоҳномапажӯҳон “Шоҳнома”-ро минҳайси устураматни ҳувиятсоз муаррифӣ кардаанд, вале ин шоҳасари миллӣ асрҳо боз дар мақоми як падида-феномени ҳувиятӣ арзи ҳастӣ мекунад ва бо паси сар шудани муруру фосилаи зиёди замонӣ он ҳамчунон арзишмадтар ва бадардхӯрдтар ба назар мерасад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаи мухтасарро дар робита бо“Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ироа мекунем:
Баъди ҳазор соли таҳқиқ доир ба «Шоҳнома», муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ва ҳамаи паҳлуҳои асари ӯ «Шоҳнома» то ба ҳол ба таври дақиқ омӯхта нашудааст[1]. Он чи ба наҳзати шуубия марбут аст, метавон гуфт, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ он аз як ҷунбиши эътирозӣ ва муқовиматии сиёсӣ ва динӣ ба як фалсафаи воқеъбинонаи гуманистӣ мубаддал гардидидааст. Фирдавсӣ нажодпараст ва мазҳабпараст набуд. Ӯ шоир ва мутафаккири миллатдӯст, ватанпараст, инсондӯст ва ҳаводори сарсупурдаи адлу дод дар аҳди аввали ислом буд. Ҳарчанд ки падару модари Фирдавсӣ ва аҳли хонаводаи завҷааш Фарангис низ, пайрави дини зардуштӣ буданд.