JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Рӯзноманигори ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ! Имрӯз – 3 январ дар рӯзҳои нахустини Соли нави мелодӣ дӯсту бародари гиромии мо – Зоҳиршоҳи Сайфулло ҷашни мелод доранд. Ҷуръату ҷасорати Шумо на танҳо дар навиштану таҳия кардани маводи дархури миллӣ, балки дар муборизаву муқовимат алайҳи нодонию ҷаҳолату хурофазадагӣ сутуданист. Дар зимн, зиёд нафаронеро мешиносему медонем, ки бо хурофогту таассубу ҷаҳолату нодонӣ, ки вабои ҳамаи давру замон маҳсуб мешаванд, созиш мекунанд, ба иддаоҳои хушкандешон посух намедиҳанд, фазлфурӯшиҳои аҳли хурофаро бошавқ гӯш мекунанд ва дар баробари хурофадовариҳо таҳаммулпазиранд, аммо Шумо-Зоҳиршоҳи азиз, новобаста ба синнусоли ҷавонӣ, ҳадафмандона бар рағми тоифаи хушкандешу…
Фаъолияти равшангарӣ дар ҳеҷ замоне саҳлу осон набудааст. Аз як ҷониб, равшангар маҷбур аст пайваста дар ҳоли омӯзишу андеша кардан бошад ва донишро зиёд ва ҷаҳонбинии хешро васеъ намояд. Чунин раванди кор дар зоҳир саҳлу содда менамояд, вале дар асл, хеле мушкил ва заҳматталаб аст. Аз ин ҷост, ки нависанда ва фаъоли сиёсии ирландӣ Ҷорҷ Бернард Шоу (1856-1950) гуфта буд: “Ду дарсади одамон фикр мекунанд, се дарсад фикр мекунанд, ки фикр мекунанд, 95 дарсад тайёранд бимиранд, вале фикр накунанд”.
(мулоҳизоте дар ҳошияи 10-солагии Маҳфили фарҳангии “Дидор”-и бознишастагони саршиноси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон) Дар хусуси шахсиятҳои варзидаи мадании минтақавӣ ва сатҳу кайфияти маҳфилу нишастҳои мадании фарҳангиёни саршиноси маҳаллию музофотӣ чанд матлаби иҷмолӣ навишта, дар матбуоти даврии ватанӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи мустақили маърифатию таҳлилии “Самак” интишор дода будам (барои иттилооти иловагӣ таваҷҷуҳ шавад ба матолиби зери роқими сатрҳо: Нурзода Н. Ҳунарманде мардумӣ дар уфуқи фарҳанг. //Баҳори Аҷам №28 (325), 26 декабри соли 2014. –С.6-7; Нурзода Н. Рисолат: рӯшанфикрони миллӣ масъулияти бузурге доранд. //Баҳори Аҷам №14-15 (342), 28 апрели соли 2015. –С.7; Нурзода Н. Фидоиёни фарҳанги миллӣ…
Одатан, ҳар боре ки атрофи шахсиятҳои бузургу матраҳ меадешам ва тасмим мегирам, чанд сатреро сиёҳ кунам, маънаван ончунон заҷр мекашам, ки ногуфтанӣ. Албатта, чанд калимаву вожаеро ба ҳам ҷанг андохта, рӯйи коғаз овардан, мушкил нест, вале сар ба ҷайби ақл фурӯ бурда, диққат карда, мулоҳиза фармуда, чизе навиштан бароям аз аввал сахт буда ва то кунун сахт аст. Мутмаинан, хеле сахт аст. Аввалан, “фикр кардан”, ба қавли донишманди ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн, “мушкилтарини корҳост” ва сониян, дар мавриди наздиктарин афроду ашхоси фарҳехтаву отифӣ ва вораста аз қайдубандҳои ақидатию ҳувиятию иҷтимоию мафкуравӣ саҳифае нигоштан аз кас на…